Александр Шишлянников соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ба ҳайси аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Ин генерали артиши Узбекистон то соли 1995 дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа буд. Мунтақидон оқои Раҳмонро барои таини намояндаи кишвари дигар ба ҳайси вазири мудофиа танқид мекарданд. Президенти Тоҷикистон дар як суҳбаташ гуфта буд, дар Тоҷикистоне, ки гирифтори ҷанг буд, кадр пайдо нашуд ва барои ҳамин аз кишвари ҳамсоя генералҳоро оварда, артиш ташкил кард.