Изҳороти президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистону Туркманистон рӯзи 14-уми сентябр дар Душанбе садо дод.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолшавии гуруҳҳои террористиро дар Афғонистон ва фиристодани кумакҳоро ба мардуми ниёзманди ин кишвар дар миён гузошт. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "ранҷу азоби Афғонистон ба мо наздик ва фаҳмо аст."
Ба гузориши ТАСС, хабаргузории давлатии Русия, Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, хостааст, давлатҳои ОМ ҳамкориро дар мавриди истифодаи баробари захираҳои об ва энержӣ бар асоси созиши соли 1998 аз сар бигиранд. Ин созиш 25 сол пеш имзо шуда, дертар ҷонибҳо аз иҷрои шартҳои он қисман даст кашиданд.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ минтақаи комилҳуқуқи озоди иқтисодӣ созмон диҳанд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфтааст, кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки дар пасманзари танишҳои геополитикӣ барои таъмини амният дар минтақа якҷо шаванд.
Ба хабари оҷонси TDH, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, пешниҳод кардааст, ки Палата ё Утоқи тиҷорати Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ба бовари ӯ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва афзоиши додугирифти мол аз вазифаҳои муҳимтарин аст.
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон рӯзи 14-уми сентябр дар Душанбе ҷамъ омада, дар нишасти панҷуми машваратӣ иштирок карданд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ онҳоро пайваста ба инҳисори қудрат, фасоди густарда, интихоботҳои сохта, нақзи ҳуқуқи одамон, саркӯби расонаҳои мустақил ва дигарандешону мухолифон танқид мекунанд. Чизе, ки дар нишасти Душанбе дар борааш чизе нагуфтанд.
Гуфтугӯ