Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мактабҳои Тоҷикистон китоби дарсӣ мерасад? ВИДЕО


Шикоят аз камбуди китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Бо оғози соли нави таҳсил баҳси нарасидани китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Тоҷикистон доғ мешавад. Баъзе волидон нигаронӣ мекунанд, ки теъдоде аз китобҳои дарсӣ намерасад ва маҷбуранд барои фарзандон аз дигар ҷой китоб пайдо кунанд. Мақомот гуфтанд, дар асоси талабот китоб чоп мекунанд ва дар ин самт мушкили ҷиддие нест.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон дар бораи таъмини китобҳои дарсӣ пурсиданд. Як ҳамсуҳбати мо, ки фарзандаш дар коллеҷ таҳсил мекунад гуфт, ҳамаи китобҳои дарсӣ дар коллеҷ нест ва барои ҳамин як қисми китобҳоро аз бозор мехаранд.

Ҳамсуҳбати дигари мо аз он шикоят кард, ки вазъи китобҳое, ки аз мактаб медиҳанд хуб нест. “Варақҳои китоб даридагӣ, маҷбур мешавем аз бозор китоби нав харем.”

Баъд аз соли 2007 китобҳои дарсӣ дар мактабҳо ба хонандагон бо усули иҷора дода мешавад. Аввал китобҳо бо пули Вазорати маориф чоп мешаванд ва маблағи иҷора ҳам ба фонди махсуси ин ниҳод бармегардад.

Наврӯзи Ҷумъамурод, сӯхангӯи Вазорати маориф ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар китоби нав барои 3 сол ба иҷора дода мешавад.

Наврӯзи Ҷумъамурод, сухангӯи Вазорати маориф
Наврӯзи Ҷумъамурод, сухангӯи Вазорати маориф

“Маблағи иҷораи соли аввал 34 фоиз аз арзиши умумии китоби дарсиро ташкил медиҳад. Маблағи иҷораи соли дуюм ва сеюм 33 фоизии арзиши умумии китоби дарсиро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр дар тӯли се сол арзиши умуми китоби дарсӣ пардохт мешавад,”-афзуд сухангӯи Вазорати маориф.

Ин масъули Вазорати маориф афзуд, агар китоб пас аз се сол қобили истифода бошад, бо 50 дарсади арзиши иҷораи соли сеюм ба иҷора дода мешавад.

Нашри китобҳои дарси барои мактабҳои таҳсилои миёнаи умумӣ бо пешниҳоди эҳтиёҷот аз сӯи китобдорони мактабҳо сурат мегирад. То солҳои наздик дар Тоҷикистон то 2,5 миллион дона китоби дарсӣ нашр мешуд. Соли ҷорӣ нашри бештар аз 4 миллион нусха дар назар аст. Сарфи назар аз афзоиши нашр камбуди китобҳо дар макотиб эҳсос мешавад.

Сухангӯи Вазорати маориф мегӯяд, китобҳои дарсӣ дар асоси пешниҳоди шуъбаҳои маориф чоп мешавад. “Аммо баъзан ҳолатҳое мешавад, ки ҳамон эҳтиёҷотро пешниҳод намекунанд ва ин масъала пӯшида мемонад,”-мегӯяд сухангӯи Вазорати маориф.

Мақомот мегӯянд, фурӯши китобҳои дарсӣ дар китобхонаҳо манъ аст. Аммо дар аксари дӯконҳои китобфурӯшӣ, китобҳои дарсиро пайдо кардан мумкин аст, ки бо нархҳои гарон ба фурӯш гузошта шудааст. Сухангӯи Вазорати маориф мегӯяд, ин китобҳои дарсиро ғайриқонунӣ нусхабардорӣ ва нашр кардаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон назди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъол аст, ки дар бештар аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG