Илҳан Узгел, таҳлилгари турк мегӯяд, "ман боварӣ дорам, Путин наметавонад андешаи онро, ки Эрдуғонро аз даст медиҳад, қабул кунад. Онҳо парво надоранд, ки Эрдуғон дар равобиташ бо кишварҳои ғарбӣ ва ниҳодҳои ғарбӣ чӣ кор мекунад. Онҳо бештар ба он таваҷҷуҳ доранд, ки бо Эрдуғон чӣ гуна ҳамкориро ба роҳ монанд ва дар бисёр бахшҳо ҳамкорӣ мекунанд".
Мақомоти Русия рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми сентябр таъйид карданд, ки Туркия ҳамроҳ бо Русия ва Қатар ба шаш кишвари африқоӣ як миллион тонна ғалла хоҳад дод. Тибқи созишнома, Туркия ғалларо орд мекунад. Туркия инчунин барои бозори худ аз Русия ғалла мегирад.
Аммо таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки Маскав метавонад аз ин созиш барои содироти ғаллаи дуздидашудаи Украина истифода намояд. Ин нақзи таҳримҳои байнулмилалӣ аст ва нигарониҳо дар мавриди аз ҷониби Туркия риоя нашудани иҷрои таҳримҳои зидди Русияро ба миён меорад.
Таҳлилгарон мегӯянд, бо сахттар шудани таҳримҳо, Туркия барои Русия боз ҳам муҳимтар мешавад. Ҷорҷ Волошин, таҳлилгар аз як маркази таҳқиқотӣ дар Бритониё мегӯяд, "дар Туркия миёнаравҳои зиёде ҳастанд, ки ба манфиатҳои Русия мисли харидории мол аз Ғарб, аз ҷумла маҳсулоти асосӣ ва дигар молҳо кӯмак мекунанд".
Дар нишасти Сочӣ Путин ва Эрдуғон ҳамчунин тааҳҳуд карданд, ки тиҷорати дуҷонибаро аз 70 миллиарди феълӣ ба 100 миллиард доллар зиёд намуда, аз ҷумла, Туркияро ба як маркази минтақавии тақсими гази Русия табдил диҳанд.
Аммо иддае аз соҳибназарон мегӯянд, чунин иқдом талошҳои муттаҳидони ғарбии Туркия барои қатъи интиқоли энержии Русия ба бозорҳои байнулмилалиро халалдор мекунад.
Раҳбарони Русия ва Туркия ҳамчунин нақшаҳои ширкатҳои русӣ барои сохтани реактори дуввуми ҳастаӣ дар Туркияро баррасӣ карданд.
Заур Гасимов, устод таърих ва мутахассис умури Русия дар Донишгоҳи Бонн мегӯяд, "мулоқот дар Сочӣ бешубҳа нишон дод, ҳамкориҳои миёни Русия ва Туркия зиёд шудааст ва ҳарду тараф барои ҳамдигар зарур мебошанд. Онҳо ҳамкорӣ ва гуфтугуро идома медиҳанд. Ва шумораи бобҳои ин китоби ҳамкориҳои Маскаву Анкара ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст".
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, амиқтар шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Туркия, ба равобити Анкара бо ҳампаймонҳои ғарбии он, ки мехоҳанд Маскавро дар инзиво қарор диҳанд, таҳдид мекунад ва эҳтимолан умеди онҳо ба канда шудани ҳамкориҳои наздики Эрдуғон бо Путинро барбод медиҳад.
Гуфтугӯ