Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

160 миллион сомонӣ даромади Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаи сокинон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаи сокинон дар шаш моҳи аввали имсол 160 миллион сомонӣ даромад гирифтааст. Шаст дарсад бештар аз нақша.

Ба гузориши Вазорати молия, ки Радиои Озодӣ 10-уми сентябр дид, аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷет рӯзе ба ҳисоби миёна қариб як миллион сомонӣ ворид мешуд.

Дар Тоҷикистон андоза ё маблағи ҷаримаро пайваста боло мебаранд.

Коршиноси иқтисодӣ Амони Асрор риояи эътидолро дар ин масъала муҳим хонд. Ӯ мегӯяд, “ҷаримаҳои аз ҳад кам ва ё аз ҳад зиёд пайомадҳои манфӣ доранд”.

“Ҷаримаҳои аз ҳад зиёд метавонанд заминаро барои фасодкорӣ боз кунанд. Шаҳрвандоне, ки тавон ё хоҳиши пардохти ҷаримаҳои ҳангуфтро надоранд, роҳҳои халосиро бо пардохти маблағи камтар ба миёнаравҳо ва ё масъулон меҷӯянд,” – шарҳ дод ӯ рӯзи 10-уми сентябр.

Мавзӯи гарон будани ҷаримаҳо дар Тоҷикистон ҳамеша баҳс мешавад. Намояндагони мухолифон мегӯянд, ҳукумат дар шароити касодии иқтисод ва камии тавлидот ҷаримаҳоро ба манбаи осони даромад табдил додааст.

Мақомот ҳамвора баланд кардани ҷаримаҳоро як роҳи пешгирӣ аз қонуншиканиҳо донистаанд ва ба дурустии он пофишорӣ доранд.

Дар ин миён ҳолатҳое ҳам буданд, ки сокинон дар пайи ҷаримаҳои ҳангуфт даст ба худкушӣ заданд. Аз ҷумла, соли 2018 Олимхӯҷа Муҳаммадиев, сокини ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудан худкушӣ карда буд. Мақомот ӯро барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани мошини писараш ин миқдор ҷарима бастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG