Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба ҷаласаи G20 рафт. Путин ва Ҷинпин даъватро рад карданд. ВИДЕО


Президенти ИМА Ҷо Байден ин ҳафта дар Ҳинд аст ва раҳбарии ҷаласаи гурӯҳи кишварҳои 20-гонаи пешрафтаи саноатӣ, маъруф ба G20-ро ба ӯҳда дорад. Тағйири иқлим, ҷанг дар Украина ва ҳам истиқболи аъзои нав аз барномаҳои ин ҷаласа гуфта мешавад. Рӯзи сешанбе маъмурияти Кохи Сафед дар бораи умедвориҳои худ аз ин ҷаласа изҳори назар кард.

Ҷаласаи солонаи G20 рӯзи шанбеи 9-уми сентябр дар шаҳри Деҳлӣ оғоз мешавад. Президент Ҷо Байден дунболи ҳадафҳои калоне роҳии Ҳинд ва ҷаласаи G20 шуд. Кохи Сафед мегӯяд, умедворӣ ба ҳамкории муштараки кишварҳои пешрафтаву дар ҳоли рушд аз ҳадафҳои онҳо мебошад.

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, кишвараш умедвор аст, ки “ҷаласаи G20 тавони ҳамкории муштараки иқтисодҳои азими ҷаҳонро ҳатто дар ҳамин шароити пурчолиш ба намоиш мегузорад.”

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Байден дар нишасти бистгонаи бузург ширкат мекунад. Ҷинпину Путин ба Ҳиндустон намераванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ҷаласаи нави G20 мавзӯъҳоеро ба баррасӣ гирифтааст, ки ба он на ҳамаи бист узваш назари ҳамсон доранд. Аз ҷумла ҷанг дар Украина, тағйироти иқлим ва ҳам эҳтимоли ба узвияти ин созмон пазируфтани Иттиҳоди Африқо бо 55 кишвари узваш.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳозир нашудани ду раҳбари калидӣ – президентони Русия ва Чин - Владимир Путин ва Си Ҷинпин дар кори ҷаласа эҳсос хоҳад шуд. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, рӯзи 25-уми август гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин ба Ҳиндустон намеравад.

Ба назари Ҷон Киртон, муҳаққиқи G20 дар донишгоҳи Торонтои Канада, инки Путин мисли ҷаласаи порсолаи Бали аз ширкат худдорӣ мекунад, “хабари хуб аст. Эҳтимолан раҳбари Чин Си Ҷинпин ҳам аз худ дарак надиҳад. Ин чиз қабули қарор барои кишварҳои дигарро осон мекунад”.

Вақте аз Ҷо Байден дар бораи ҳозир нашудани Ҷинпин пурсиданд гуфт, “нороҳат шудам, вале умедворам боз ҳам ӯро мебинам”

Таҳлилгарон инчунин умедворанд, ки Ҳинду Чин дар маҳфили навбатии G20 баҳси сари қаламравҳову харитаҳои ҳудудии худро канор мегузоранд.

Стефани Сигал, муҳаққиқи Маркази мутолеоти стратегӣ ва иқтисодӣ мегӯяд, танишҳои геополитикӣ пеш аз раҳбарии давраии Ҳинд дар G20 ҳам вуҷуд доштанд. “Вале хуб нест, ки баҳсҳо шиддат мегиранду то ба маърӯзаи ҷаласаи раҳбарон бардошта мешаванд. Вале умед ва интизории ман боз ҳам ин аст, ки ҷаласа сари масоили иқтисодӣ шакл гирифта баҳсҳои ҳудудӣ ба маҳфилҳои дигар мекӯчанд”.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҳайатҳо метавонанд ихтилофҳои худро як сӯ гузошта, ба мавзӯъҳои мисли ислоҳоти Бонки ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ кунанд, чизе, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, фоидаи бештар дорад.

Стефани Сигал аз Маркази мутолеоти стратегӣ ва иқтисодӣ таъкид мекунад, ки беҳтар аст роҳбарони G20 тамаркузи худро ба ҳалли масоили вобаста ба ниёзҳои ҷамъиятии сайёра ба монанди мушкилоти иқлим, омодагӣ ба пандемия, заъф ва ноамнии ғизо равона кунанд.

“Ислоҳот ба сохторҳое мисли Бонки Ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки кӯмакҳои худро барои иқтисодҳои ташаккулёбанда ва бо даромади кам бо шарту шароити беҳтар фароҳам кунанд,”-мегӯяд ин таҳлилгар.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG