Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як милисаро барои корд задани сокини Восеъ боздошт кардаанд. ВИДЕО


Додситонии ноҳияи Восеъ як корманди милисаро бо иттиҳоми ҳамла ва захмӣ кардани сокини маҳаллӣ боздошт кардааст. Лейтенанти калон Умедҷон Аминҷонзодаи 24-сола нозири минтақавӣ будааст. Мақомоти ноҳия мегӯянд, корманди милиса ба он муттаҳам мешавад, ки баъди як баҳс Меҳроҷ Салоҳиддинови 38-соларо бо корд маҷруҳ кардааст.

Як манбаъ огоҳ аз додситонии минтақаи Кӯлоб бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, 31-уми август байни сокини маҳаллӣ Меҳроҷ Салоҳиддинов ва корманди милиса Умед Аминҷонзода ҷанҷол сар задааст.

"Меҳроҷ Салоҳиддинов ба мошини нозири милиса бармехӯрад ва ба рондани мошин мегӯяд, ки мошинро хуб ронад. Бо ҳамин байнашон баҳс мешавад ва корманди милиса сокини маҳаллӣ Меҳроҷ Салоҳиддиновро ба заминҳои ҶДММ “Абдураҳмон” бурда, бо корд ӯро захмдор мекунад. Баъдан корманди милиса сокини захмдоршударо ба бемористон бурда мемонад ва меравад. Вақте табибон мебинанд, ки захмаш бисёр вазнин аст, ба шуъбаи милиса ва додситонӣ хабар медиҳанд,”-афзуд манбаъ.

Дар ноҳияи Восеъ афсари милиса шахсеро бо корд захмӣ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Меҳроҷ Салоҳиддинов, сокини захмишуда ҳоло дар Бемористони марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ аст. Табибони бемористон ба хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозаи мулоқот бо ӯро надоданд ва гуфтанд, иҷозаи додситонӣ зарур аст.

Сарахон Иброҳимзода, сартабиби Бемористони ноҳияи Восеъ дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, саломатии Меҳроҷ Салоҳиддинов рӯ ба беҳбуд аст. Сартабиб ҳамчунон таъкид кард, ки худи коркунони бемористон бидуни иҷозаи додситон ҳаққи даромадан ба утоқи Салоҳиддинов надоранд.

Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ 6-уми сентябр дар суҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ кордзании корманди милисаро тасдиқ кард. Раиси ноҳия гуфт, ки шахсан аз ҳоли Меҳроҷ Салоҳиддинов дар бемористон хабар гирифта, ваъда додааст, ки фарди гунаҳгор муҷозот мешавад.

“Ҳозир ҳамаи корро додситон дида истодааст. Додситони ноҳия бисёр инсони хуб аст ва он корманди милисаро ба ҳабс гирифтааст ва касе бошад набошад дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт,”-гуфт раиси ноҳияи дар суҳбати сарироҳӣ.

Феълан маълум нест, нисбати корманди милиса Умед Аминҷонзода бо кадом иттиҳом парванда боз кардаанд.

Исмоил Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода
Исмоил Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода

Соли равон ин якумин ҳолате нест, ки кормандони милиса ба содир кардани ҷиноят муттаҳам мешаванд. Моҳи июн Додситонии кулли Тоҷикистон Акмал Юсуфзода, полковники милиса ва ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД-ро бо гумони "одамрабоӣ" боздошт карда буд. Юсуфзода ба он муттаҳам мешавад, ки 12 июн Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратро рабуда, баъдан дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ, ба дарёи Фон партофтаанд. Бо гузашти қариб се моҳ то ҳол ҷасади омӯзгор пайдо нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG