Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Генерал Армагеддон”, ки аз замони ошӯби Пригожин нопайдо буд, дар аксе дида шуд 


Генерал Сергей Суровикин бо ҳамсараш
Генерал Сергей Суровикин бо ҳамсараш

Генерали рус Сергей Суровикин, ки аз замони ошӯби кӯтоҳмуддати раҳбари ширкати зархаридони “Вагнер” дар моҳи июн нопайдо буд, дар як аксе дубора аз худ дарак дод, вале пурсишҳо дар бораи сарнавишти ин фармондеҳи артиши Русия ҳамоно зиёд ҳастанд.

Мақомоти беноми амрикоӣ дар ин байн гуфтанд, ки Суровикин чанд рӯз баъди суқути ҳавопаймое, ки дар он Евгений Пригожин кушта шуд, аз боздошт озод гардид ва ба навиштаи “Ню Йорк Таймс”, ҳама рутбаҳову вазифаҳояш бетағйир мондааст.

Суровкин, ки бо лақаби “генерал Армагеддон” маъруф шудааст, моҳи октябри порсол ба мақоми фармондеҳи нирӯҳои муштараки Русия таъин шуд. Се моҳ баъдаш аз ин мақом барканор шуд.

Рӯзи 23-уми июни имсол, вақте Пригожин дар бораи шурӯи ошӯбаш хабар дод, Суровикин дар муроҷиати видеоиаш ба зархаридони “Вагнер” хост, даст аз ошӯб бардоранд.

Суровикин замони дар Сурия ҷангидани Пригожин як муттаҳиди ӯ буд ва ҳар вақте раҳбари “Вагнер” фармондеҳони дигари артишро дар бесалоҳиятӣ гунагҳор мекард, Суровикин ҳам аз мавқеи ӯ ҳимоят мекард.

Баъди он видео-муроҷиати Пригожин, Cуровикин дигар нопадид шуд ва овозаҳое мечархид, ки ӯву дигар афсаронро барои дастгирии ошӯби Пригожин ҳабс кардаанд. Президент Владимир Путин ошӯбгаронро “хоин” ва кори онҳоро “зарбае аз пушт” номид. 22-уми август чанд хабаре нашр шуд, ки гӯё Суровикинро аз мақоми фармондеҳи нирӯҳои ҳавоӣ барканор кардаанд.

Рӯзи дигараш, 23-юми август ҳавопаймои Пригожин, ки аз Санкт-Петербург ба ҳаво хеста буд, суқут кард ва мақомот гуфтанд, ки ҳамаи 10 мусофир, аз ҷумла Евгений Пригожин кушта шуданд. Чанд рӯз баъдаш ӯро дар Санкт-Петербург ба хок супурданд.

Акси ахири Суровикинро рӯзи 4-уми сентябр Ксения Собчак нашр кард, ки падараш солҳои 1990-ум раҳбари Владимир Путин дар шаҳрдории Санкт-Петербург будааст. Дар акс генерал бо либоси мулкӣ ҳамроҳ бо зане дида мешавад, ки ӯро ҳамсараш меноманд.

Собчак дар Телеграм каналаш рӯзи 4-уми сентябр зери акс навишт: “генерал Суровикин озод шуд. Ӯ зинда, саломат, дар хонааш дар Маскав бо оилааш мебошад.”

Чанд соат баъдаш дар як навиштаҷоти Алексей Венедиктов, журналисти маъруфе, ки ба ҳукумат наздик мебошад, гуфт, Суровикин дар хонааш ҳамроҳ бо аъзои оилааш мебошад. Ӯ навишт, генерал дар рухсатӣ ва дар тобеияти вазорати дифоъ мебошад.

Дар як матлаби нашрияи амрикоии “Ню Йорк Таймс” бо такя ба “ду манбаъ дар вазорати дифои Русия” навишта шудааст, ки Суровикин чанд рӯз баъди суқути ҳавопаймои Пригожин озод шуд.

Ҳамин манбаъ навишт, ки Суровикин мақому рутбаашро ҳифз карда ҳанӯз ҳам дар сохторҳои низомӣ мебошад, “вале ҳеҷ дурнамое барои идомаи карерааш надорад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG