Яке аз пулҳое, ки аз болои он мошинҳои гаронвазн миёни Тоҷикистону Чин молу маҳсулот мекашанд, хатарнок шудааст.
Ин пул бар фарози рӯди Яхсӯ дар ҳудуди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҷойгир аст, ки аз болои он мошинҳои борбар ба шаҳри Кӯлобу вилояти Бадахшон ва то Чин рафтуомад мекунанд.
Қисме аз ин пул хароб шудааст ва ронандагони мошинбоҳои борбар мегӯянд, бо тарс аз болои он убур мекунанд. Бархе ронандагон онро “пули сирот” меноманд.
Қурбон Ҳикматуллоев, раҳбари Идораи роҳсозиии ноҳияи Восеъ мегӯяд, барои бозсозии ин пул чор миллион сомонӣ лозим аст.
Мақомот барои камтар кардани хатар равуои мошинҳои боркаш аз болои ин пулро бо навбат ба роҳ мондаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ин пулро садамавӣ унвон карда, ҳаракати мошинҳо аз болои онро хатарнок донистааст.
Бахше аз ин пул дар натиҷаи як садамаи нақлиётии мошини борбар хароб шудааст, вале аз ин пеш ҳам он кӯҳна шуда, ба гуфтаи мақомот, ба бозсозӣ ниёз дошт.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Мақомоти ноҳия барои бозсозии пул ба Вазорати нақлиёт мактуб кардааст.
Қурбон Ҳикматуллоев, раҳбари Идораи роҳсозии ноҳияи Восеъ мегӯяд, вазири нақлиёт аз ҳолати пул хабар дорад ва борҳо аз болои он гузаштааст.
Бузургтарин пули болои дарёи Яхсӯ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ соли 1958 сохта шудааст.
Аз он вақт то ҳол бозсозӣ нашудааст.
Дар сурати хароб шудани пул, роҳ аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб, вилояти мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон ва Чин баста хоҳад шуд.
Гуфтугӯ