Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дидани зӯроварӣ нисбат ба одамон даҳшатбор буд" ВИДЕО


Амрико: Намоиши паёми занони озодихоҳ аз Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дастони беҳаракат, вале болову саршори паём. Дар шаҳраки Роквили аёлати Мэриленд, дар наздикии пойтахти Амрико, бахшида ба занони муборизи Эрон намоишгоҳ боз шуд.

Рассом Киёно Ҳунарманд маъракаро "ҷунбиши бузургтарин ва муҳимтарини феминистӣ"-и имрӯз ном бурд.

Вай ба тазоҳургарон дар Эрон эҳтиром қоил аст, чун нидои "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ"-ро соле пеш ба ҳаракати нерӯманд дар саросари Эрон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон табдил доданд. Дар намоишгоҳ тори мӯйҳо ба девор овезон ва "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" дар тирезаҳо навишта шудааст.

Киёно Ҳунарманд мегӯяд, дар оғози тазоҳуроти соли гузашта дар Эрон занони зиёде ба кӯчаҳо баромаданд, чун аз куштори Маҳсо Аминӣ ва тарзи бархӯрди ҳукумат бо эътирозгарон ба хашм омада буданд.

“Ба нишони эътироз мӯйҳояшонро буриданд. Бисёре аз занон дар саросари ҷаҳон барои ҳамраъйӣ бо занони эронӣ ба бӯридани мӯйи худ оғоз карданд. Аз ин рӯ, ба мӯйҳо ишора кардам,” – шарҳ дод Киёно Ҳунарманд.

Маҳсо Аминии 22-соларо моҳи сентябри соли 2022 пулиси ахлоқ дар Эрон ба гуноҳи бадҳиҷобӣ дастгир кард. Ӯ баъдан дар шароити мармуз ҷон бохт.

Ҳарчанд мақомот худро дар марги Маҳсо Аминӣ масъул надонистанд, даҳҳо ҳазор кас бо талаби озодии занон, эҳтиром ба ҳуқуқи бунёдии одамон ва тағйири ҳукумат дар Эрон ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд. Дар нооромиҳое, ки чандин ҳафта идома кард, садҳо кас кушта ва ҳазорҳо нафар дастгир шуданд.

Киёно Ҳунарманд мегӯяд, “дидани зӯроварӣ нисбат ба ин қадар одам даҳшатбор буд. Аз ҷумла, мардону занон ва кӯдакон кушта шуда, ҳазорҳо нафар ҳабс шуд.”

Барои Андреа Баррон дидани мӯйҳо дар девор ҳайратовар буд. “Зеро мӯйҳо дар муборизаи бонувони эронӣ барои озодӣ нақши калидӣ доштанд. Дастони хунолуд баёнгари хушунат нисбат ба занонест, ки дар Эрон ҳақталабӣ мекунанд,” – гуфт ӯ.

Киёно Ҳунарманд даъват мекунад, ки “бояд дар ҳама ҷо аз ҳуқуқи занон ҳимоят кунем.” Ба гуфтаи рассом, ба илова кардани дастҳо барои ҳар қурбонии эътирозҳо, ки маргашон тасдиқ шудааст, идома хоҳад дод.

Дар ҳамаи талошҳои мубориза бо беадолатиҳо бонувони Эрон дар сафи пеш қарор доштаанд ва барои ин ормонҳо ҷон бохтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG