Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раисро "облава" карданд, қарздор шудам, ба Русия омадам" ВИДЕО


Бахтиёр Замонов, молики ширкати хиштрезӣ
Бахтиёр Замонов, молики ширкати хиштрезӣ

Муштариёни як корхонаи истеҳсоли хишт дар Душанбе мегӯянд, баъд аз “сарбозшикор” ё бо зӯр ба артиш бурдани раиси он на маҳсулот гирифта метавонанд, на пули додаашонро. Бахтиёр Замонови 25-сола, мудири “Бахт-таъминот” дар ноҳияи Сино, моҳи апрели имсол ба хидмат бурда шудааст.

“Ду моҳ боз дар Русия ҳастам”

Файзалӣ Асадов, сокини ноҳияи Ёвон, моҳи апрели имсол ба корхонаи "Бахт-таъминот" 6800 сомонӣ супурд. Барояш ваъда доданд, ки дар як ҳафта маҳсулот омода мешавад. Бо гузашти панҷ моҳ, ӯ на хишт дастрас карда тавонист, на ҳамаи он маблағеро, ки ба корхона дода буд.

“Борҳо аз ноҳияи Ёвон ба корхонаи истеҳсоли хишт рафтам. Гуфтанд, ки раис “облава” шудааст ва аз хидмат ояд, пулатро медиҳад. Қарздор шудам ва ба Русия омадам. Ҳоло ду моҳ боз дар Русия ҳастам,” – гуфт ӯ.

Як масъули ширкати “Бахт-таъминот”, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкатро Бахтиёр Замонов дар аввали имсол таъсис дод ва зиёда аз 50 нафарро ба кор гирифт. Вай гуфт, корҳои ширкат хуб пеш мерафт, вале баъди ба артиш бурдани мудири корхона гирифтори мушкил шуданд. Ҳоло аз андоз (молиёт) ва муштариён қарздор ҳастанд.

"Бахтиёр он рӯз бояд ба Панҷакент маҳсулот мефиристод, ки ӯро милисаҳои ноҳияи Сино боздошт карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Аз онҷо ба артиш фиристоданд. Кӯшиш дорем, ки пули муштариёнро баргардонем ва ҳамаашонро медиҳем,” – гуфт мусоҳиби мо.

“Нақшаи дуруст нест

Дар ду Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино ҷалби маҷбурии Бахтиёр Замоновро ба артиш рад карданд. Як масъули ШКД Сино-2 рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонун ҷавононеро, ки аз рафтан ба артиш саркашӣ мекунанд, бо амри додситонӣ боздошт мекунанд.

Тибқи қонун, ба ҷуз мавридҳои истисноӣ, ҷавонони аз 18 то 27-сола вазифадоранд, ки ба артиш раванд. Коршиносон пайваста аз тарзи ҷалби ҷавонон ба артиш танқид мекунанд.

Раҷаб Нусратов, корманди собиқадори комиссариати ҳарбӣ, мегӯяд, “як нақшаи дуруст ва одилонаи ҷалби ҷавонон ба артиш нест. Ҳар касеро ёфтанд, намегӯянд, бемор аст, коре дорад, фурсат надода гирифта мебаранд. Дар ҳолати Бахтиёр Замонов агар ӯро муҳлат медоданд, шояд мушкили қарздорӣ пайдо намешуд.”

Солҳост, ки мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон баҳсбарангез ба поён мерасад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Мавсими нави даъват ба артиш: Коммисар аз қуръакашӣ ҳарф мезанад, мардум аз "сарбозшикор"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Қуръакашӣ, роҳи дигари ҷалб

Даъвати дуюм аст, ки мақомот аз як усули ғайримаъмулӣ барои ҷалби ҷавонон ба артиш оғоз кардаанд. Ба дасти мо аз як ҷамоати ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон навор расид, ки нишон медиҳад, мақомот мехоҳанд бо қуръакашӣ ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд.

Дар навор комиссари ҳарбӣ ва раисони ҷамоат ба сокинон мегӯянд, ки бояд аз ин маҳал 10 нафар ба артиш равад, вале инҷо 80 ҷавони синни хидмат дорад. Вай мегӯяд, коғазҳоро дар дохили қуттие мегузоранд, ки дар миёнаш танҳо даҳ адади он рақам дорад. Модарон аз дохили қуттӣ коғазҳоро берун мекунанд ва ба дасти ҳар касе коғази рақамдор расид, бояд писарашро ба артиш ҳозир кунад.

Мақомот инро як роҳи одилонаи ҷалби ҷавонон ба артиш меноманд, вале коршиносон сабаби даст задан ба чунин иқдомро набудани як барномаи муосир ва роҳи дурусти ҷалб ба артиш медонанд.

Дар даъвати гузашта низ чунин ҳолат ба назар расида буд ва инчунин сокинон шикоят карда буданд, ки мақомот барои фишор ба онҳо масҷидҳояшонро мебанданд. Аз ҷумла, сокинони чанд ҷамоати Исфара чунин шикоят карда буданд. Баъдан, раиси Исфара гуфт, ки 200 ҷавон аз Русия баргашта ба артиш рафтаанд.

Дар Тоҷикистон дар тирамоҳ ва баҳор барои чор моҳ ҷавононро ба артиш ҷалб мекунанд. Рӯзи 31-уми августи имсол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармони сафарбарии ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш имзо кард. Мавсим аз октябр то декабр идома мекунад.

Дар даъватҳои гузашта пайваста ҳолатҳои бо зӯр ва хилофи қонун ҷалб кардани ҷавонон ба артиш садо медод. Мақомот аксар вақт вуҷуди чунин ҳолатҳоро рад мекунанд, ҳарчанд навори “сарбозшикор” аз даст ба даст мегардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG