Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони миллӣ боздошти Абдуқодири Рустамро маҳкум кард


Абдуқодири Рустам яке аз пажуҳишгарони шинохтаи забону адабиёти тоҷик аст.
Абдуқодири Рустам яке аз пажуҳишгарони шинохтаи забону адабиёти тоҷик аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон, як эътилофи созмонҳои мухолифи давлат боздошти Абдуқодири Рустам, адиб ва равшанфикри шинохтаро маҳкум карда, онро «дастдарозӣ ба маънавиёт ва фазои адабии миллат» хондааст.

Дар баёнияи расмии паймон, ки рӯзи 2-уми сентябр нашр шуд, омадааст: «Мо бар ин назарем, ки баъд аз боздошти сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, ҳоло низоми худкома мехоҳад, фазои адабии кишварро низ зери сензураи шадид қарор дода бо ин роҳ заминаи мағзшӯии мардуми Тоҷикистонро фароҳам орад.»

Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаро ба гуфтаи хешовандону ҳамкоронаш рӯзи 31-уми август дар назди ҷойи кораш Бемористони байнулмилалии “Ибни Сино” дар шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон то кунун дар ин бора ҳеч шарҳе надодаанд, вале боздошти ӯро ба нашри китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" иртибот медиҳанд, ки Абдухалил Холиқзод муаллифи он мудири бемористони “Ибни Сино” бо иттиҳоми “барангехтани адовати милливу динӣ ва маҳалгароӣ” дастгир шудааст. Абдуқодири Рустам яке аз муҳаррирони китоби мазкур аст.

Боздошти адиби тоҷикро аз ин пештар, теъдоде аз рушанфикрони тоҷик, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, дигар созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон “Гуруҳи 24”, “Ватандор” маҳкум карда ва аз ҳукумат хостаанд, ки ӯро бечуну чаро озод кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои саркӯби дигарандешон, боздошту зиндонӣ кардани хабарнигорон ва нафасгир кардани матбуоти мустақил пайваста дар сатҳи байналмилал танқид мешавад. Дар муддати якуним соли гузашта дар Тоҷикистон 8 рӯзноманигору блогерро ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 21 сол зиндонӣ карданд. Иттиҳомоте, ки ҳомиёни ҳуқуқ ва худи зиндониён бофтаву сохта номидаанд.

XS
SM
MD
LG