Миқдори қобили таваҷҷуҳи об тақрибан 1659 метри мукааб дар сония ҳамчунон дар рудхонаи Вахш ҷараён дорад.
Масъулин эълон кардаанд, ки сатҳи оби рудхона нисбат ба соли гузашта наздик ба 500 метр мукааб афзоиш ёфтааст. Инро Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак ҳам тасдиқ кард.
Нерӯгоҳи Норак бо пур шудани махзан ба таври фаъол барқ тавлид мекунад.
Ҳукумати Норак таъйид кардааст, ки ҳамаи агрегатҳо фаъол ҳастанд ва қувваи барқ истеҳсол шуда истодааст. Вале бо вуҷуди афзоиши сатҳи об ва тавлиди барқ, бархе аз сокинон ҳамоно аз ҳолатҳои қатъ шудани барқ шикоят мекунанд. Дар шабакаҳои тақсими барқи Кӯлоб хомӯшшавии барқро тасдиқ мекунанд, вале мисли пешина мегӯянд, сабаб дар корҳои таъмирӣ аст.
Нерӯгоҳи барқи обии Норак дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин нирӯгоҳ аз бузургтарин обанборҳои кишвар ба ҳисоб рафта, замони Шӯравӣ сохта шудааст.
Тариқи оби ин обанбор нерӯгоҳи Норак барқ тавлид мекунад.
Аввали зимистон бо сабаби паст шудани сатҳи оби обанбор дар аксари манотиқи кишвар қувваи барқ бо маҳдудият дода мешавад. Аммо дар ҳукумати Норак посухи дақиқ надоданд, ки имсол ин миқдор об дар фасли сармо басанда аст ё на?
Гуфтугӯ