Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адахон Мадумаров, имзогузори протоколе бо Тоҷикистон боздошт шуд


Адахон Мадумаров (аз чап) аз минбари парлумон борҳо бо раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев баҳсҳо кардааст ва яке аз ташаббускорони муҷозоти ӯ ҳамин ниҳод гуфта мешавад
Адахон Мадумаров (аз чап) аз минбари парлумон борҳо бо раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев баҳсҳо кардааст ва яке аз ташаббускорони муҷозоти ӯ ҳамин ниҳод гуфта мешавад

Рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Бишкек гурӯҳи таъиноти махсуси ВКД Қирғизистон собиқ дабири Шӯрои амният ва раҳбари амалкунандаи гурӯҳи парлумонии “Бутун Қирғизистон”, депутат Адахон Мамдумаровро боздошт намуд. Ба навиштаи “Азаттик” - бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ин хабарро чанд манбаъ ва ҳамчунин ҳамкоронаш аз парлумон тасдиқ карданд. Баъзе хабарҳо ҳокист, ки Мадумаров рӯзи шанбе бо писараш аз як кӯчаи шаҳри Бишкек мегузашт ва дар ҳамин ҳангом ӯро ходимони ҳифзи қонун боздошт карданд.

“Азаттик” менависад, ки Мадумаровро дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД Қирғизистон ҷой додаанд, вале то ҳол маълум нест, ки гуноҳи ӯ чӣ асту чӣ ҳодиса рӯй додааст. Полис ин хабарро шарҳ намедиҳад ва дафтари матбуоти ВКД гуфт, ки маълумот дақиқ карда мешавад.

Ин ҳодисаҳо дар ҳолест, ки Жогоргу Кенеш, парлумони иборат аз тарафдорони президенти Қирғизистон рӯзи 22 июни имсол барои нисбати Мадумаров ифтитоҳ шудани парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми баромадан аз салоҳиятҳои қудратӣ ризоият дод.

Адахон Мадумаров, ки соли 2009 дар мақоми котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон кор кардааст, барои он гунаҳгор мешавад, ки дар яке аз музокираҳои марзӣ бо Тоҷикистон зери протоколе дар бораи қитъаи роҳи Торт-Кочо имзо гузошта буд. Ин санад ба иҷора гирифтани 5 гектар замин дар сарҳад бо Тоҷикистон рабт дорад.

Гап дар бораи "роҳи 275-метрӣ" меравад, ки Тоҷикистон қаламрави худ мешуморад, аммо Бишкек замини баҳсӣ медонад

Ин қитъаи замин, ки дар Қирғизистон бо номи "Торт Кочо" машҳур аст, дар наздикии буриши роҳи Ворух – маркази Исфара ҷойгир буда, ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро бо Бодканд ва деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро ба ҳам мепайвандад. Деҳаҳои Куктош ва Ортабози Қирғизистон ҳам дар ин ҳудуд ҳастанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2022 гуфт, ки “ин замин соли 2009 аз тарафи Тоҷикистон ба Қирғизистон ба иҷора дода шудааст.” Баъзе аз мансабдорон ва созмонҳои сиёсӣ дар Қирғизистон бар ин боваранд, ки имзои санад дуруст набуд ва ҳоло “Тоҷикистон ин қитъаро аз они худ меномад”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG