Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз ду мушкил дар бахши маориф нигаронӣ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон кам шудани хоҳишмандон барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварро "як масъалаи нигаронкунанда" хонд. Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябр дар Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара гуфт, аз 106 ҳазор хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазори онҳо ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд.

Аммо президент дар бораи сабабҳои ба таври чашмрас кам шудани хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олӣ чизе нагуфт. Коршиносон аз ҷумла мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, сабаби кам шудани довталабонро ба қонуни нави хидмат дар артиш рабт медиҳанд. Чун бар асоси ин қонун, хамткунандаҳои кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо дигар аз хизмат дар артиш озод нестанд.

“Вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад,”-гуфт президент.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросиме бахшида ба оғози соли таҳсил ҳамчунин аз интихоби касб миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Бар асоси оморе, ки президент гуфт, имсол беш аз 40 дарсади довталабон хоҳони таҳсил дар риштаи тиб шудаанд.

Оқои Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки “тартиби қабули довталабонро, бахусус, дар гурӯҳҳои шартномавӣ” мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

1-уми сентябр дар Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз шуд. Имсол беш аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар муҳассил дарсро оғоз карданд. Аз инҳо зиёда аз 260 ҳазор нафарашон бори нахуст ба мактаб рафтанд.

XS
SM
MD
LG