Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни селхезӣ дар Тоҷикистон ба 17 нафар расид


Шумораи қурбониёни боронгариҳои охири ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон ба 17 нафар расид. Мақомот қаблан шумораи онҳоро 13 нафар эълон карда буданд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи гузашта дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ, ҷасади 4 нафар, се зан ва як мард аз дарёи Кофарниҳон берун оварда шуд. Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҷасадҳо барои ташхис ба ниҳодҳои зидахл супурда шуданд.

Селу обхезии шаби 27-уми август сокинони Тоҷикистонро бахусус дар Душанбе ва атрофи он ғофилгир кард. Дар ин ҳодисаи табиӣ аз ҳама бештар сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳия Рӯдакӣ зарар диданд. Даҳҳо манзилу нақлиёт осеб дид.

XS
SM
MD
LG