Манзили даҳҳо сокини шаҳри Душанбе аз борону сел зиён дид ва маҳаллаҳои зиёде дар пойтахт рӯзи 28-уми август оби ошомиданӣ надоштанд. Сокинон шикоят доранд, ки мақомот ба мушкилашон расидагӣ намекунанд. Онҳо гуфтанд ноилоҷ ва мунтазири дарёфти кумакҳо аз ҷониби ҳукумат ҳастанд.
Бар асари боронҳои сахт ва селобҳои шаби гузашта дар Душанбе беш аз 30 хона дар маҳаллаи Хуҷамбиёи поён зери обу лой мондааст. Гулсара Фидоева, сокини маҳалла рӯзи 28-уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳавлӣ ва се хона пур аз лой аст. Ошхонаву таҳхона пури об. Маводи хӯрока дигар нест. Қолину курпаҳо ҳама корношоям шуданд. Хонае надорам, зиндагӣ кунам. Имшаб дар хонаи ҳамсоя будам».
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Набуди об ва барқ низ дар ин маҳалла мушкили сокинонро дучанд кардааст. Малика Шоева, сокини дигари маҳалла гуфт, сел замоне ба манзили онҳо омад ки аҳли хонавода хоб буданд. Ӯ гуфт, бо кумаки ҳамдигар аз ҳавлӣ берун шуда, фарзандонашро ба хонаи хешовандон фиристодааст. Аммо худаш шабро дар кӯча рӯз кардааст.
"На барқ дорем на об. Аз шаб ҳам барқро хомӯш карданд, об ҳам қатъ шудааст. Намедонам, шояд раиси ноҳия биёяд. Пеши раиси маҳалла рафтам. Гуфтам биёед, бинед манзили ман дар чӣ ҳол аст. Шавҳарам ҳамроҳ бо писарам дар Русия аст, ман бо чор духтар чӣ кор кунам? - гуфт ӯ.
Бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон шаби гузашта шоҳиди тундбод ва боронҳои сел буданд. Дар шаҳри Душанбе дар пайи тундбод ва борони сахт нерӯи барқ барои чанд соат қатъ шуд. Мақомот гуфтанд, феълан дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор ва ҳаҷми осебро муайян мекунад. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе талафоти ҷонӣ сабт нашудаанд.
Исломиддин Одинаев, раиси маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "асосан оби борон, ки аз теппаҳо меояд, ба манзили сокинон даромадааст. Ҳар чанд сол чунин мешуд, вале имсол зиёдтар зарар расонид. Ҳоло идораи обу корез ин мушкилро ҳал карда истодааст."
Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар пойтахт нишон дод, ки рафъи пайомадҳои офати табиӣ пурра ба анҷом нарасидааст. Бештари кор на бо техника, балки дастӣ ва бо ёрии кормандони комуналӣ ва сокинони маҳалла анҷом меёбад.
Шораҳим Ҳотамов, сокини дигари маҳаллаи "Шафақ" гуфт, мунтазири кумаки мақомот аст, зеро имкони бо даст тоза кардани ҳавливу дохили хонаҳояшро аз обу лой надорад. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, "соати яки шаб буд, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода омад, як дастгоҳ дошт. Обро камтар кашиданд, ки зӯраш нарасид. Гуфтанд зӯри мо намерасад, гирифта бурданд. Даруни хонаҳо пури лой аст".
Бисёре аз бахшҳои пойтахти Тоҷикистон аз шаби гузашта ба ин сӯ оби ошомиданӣ надоранд. Бархе аз кӯдакистонҳо бо сабаби набудани об аз волидон хостанд, кӯдакони худро дар хона нигоҳ доранд. Дар бархе аз маҳаллаҳо мошинҳои обкаш ба сокинон об дастрас мекунанд. Сокинони биноҳои баландошёна гуфтанд, беобӣ метавонад, боиси хуруҷи бемориҳои сироятӣ шавад.
Аз ҷумла давоми як рӯз барқарор нашудани оби ошомиданӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси корбаронро овард. Қироншоҳ Шарифзода устоди донишгоҳ ва сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт навишт, "корношоямии ниҳодҳои хидматрасони пойтахтро ба гардани офатҳои табиӣ набояд бор кард. Дар пойтахти кишвар давоми як рӯзи дароз ислоҳ карда натавонистани камбуд ва бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинон оё аз рӯйи инсоф аст?”
Селу обхезии шаби 27-уми август сокинони Тоҷикистонро бахусус дар Душанбе ва атрофи он ғофилгир кард. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин офати табиӣ 13 сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расида, даҳҳо манзилу нақлиёт осеб дид. Бино гузоришҳо, теъдоди қурбониён метавонад, бештар бошад, чун поксозӣ ва рафъи оқибатҳои фалокат идома дорад.
Гуфтугӯ