Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали дуюми тиллои Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯён


Миҷгона Самадова, муштзани шинохтаи тоҷик.
Миҷгона Самадова, муштзани шинохтаи тоҷик.

Миҷгона Самадзода, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, дар мусобиқаи занон дар риштаи бокс медали тилло ба даст овард.

Зимнан, ин медали дуюми тиллои Тоҷикистон дар ин Фестивили байналмилалии донишҷӯёни варзишгар ба шумор меравад. Қаблан

Абубакр Шеров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар Екатеринбург дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило медали тилло гирифта буд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ, имрӯз, 24-уми август, аз шаҳри Екатеринбург хабар дод. Ба иттилои ӯ, Миҷгона Самадзода, ки дар риштаи бокс дар вазни то 57 кило миёни духтарон ба финал баромад, барои медали тилло бар Татяна Трушкина аз Беларус дастболо шуд.

24-уми август боз як муштзани тоҷик - Дилдода Осақолова - дар вазни то 54 кило миёни духтарон барои ҷои сеюм бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Инчунин се муштзани тоҷик – Шоҳин Ҳикматов (-63,3 кг), Диёр Султонов (-75 кг) ва Толиб Расулов (-86 кг) – дар мусобиқаи мардон барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.

Шоми панҷшанбе се варзишгари тоҷик – Абубакр Муродзода (-60 кг), Расул Аҳадов (-67 кг) ва Абдумалик Болтаев (-80 кг) - дар риштаи бокс, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтаанд, муборизаро барои медали тилло идома медиҳанд.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар Фестивили байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар Екатеринбург то ҳоло 6 медал – ду тилло дар ҷудо ва бокс, 4 нишони биринҷӣ дар бокс - ба даст овардаанд.

Рӯзи 25-уми август дар риштаи гуштии озод як нафар, 26-уми август дар намудҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ 4 нафар Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин ҷашнвора бо шумули 50 кас, ки 37 нафарашон варзишгаранд, бо раҳбарии Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ширкат дорад.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал, ки 14 намудро дарбар мегирад, донишҷӯёни варзишгар аз 36 кишвар то рӯзи 28-уми август рақобат мекунанд. Ин ҷашнвора дар доираи чорабинии бузурги «Екатеринбург – ЭКСПО» доир шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG