Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мехоҳад як роҳро дар минтақаи марзӣ бозсозӣ кунад. ВИДЕО


Сохтмони роҳ моҳи март оғоз шуд
Сохтмони роҳ моҳи март оғоз шуд

Дар шимоли Тоҷикистон ба таъмири роҳе шурӯъ кардаанд, ки қисмате аз он дар наздикии марзи Қирғизистон ҷойгир шудааст. Ин роҳ аз шаҳри Конибодом то ноҳияи Спитамен тӯл дорад ва аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов, ду ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон мегузарад. Дар чанд минтақаи марзӣ ин роҳро сокинони ду кишвар якҷоя истифода мебаранд ва ин борҳо боиси низоъ гардидааст.

Роҳи мазкурро ширкати чинии China Railway бозсозӣ мекунад. Ин роҳ аз чор ноҳияи марзии вилояти Суғд мегузарад ва бештар аз 50 километр тул дорад. Ташаббускорони ин лоиҳа мегӯянд, роҳи мазкур аҳамияти байналмилалӣ дорад ва бо маблағгузории Бонки Ҷаҳониву ҳукумати Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Тоҷикистон мехоҳад як роҳро дар минтақаи марзӣ бозсозӣ кунад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аввали моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, “ҳоло кор дар минтақаи Кӯчкак-Конибодом-Равот пурра идома дорад. Ин тараф дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен то деҳаи Бекобод идома дорад. Дар тарафи дигар аз шаҳри Хуҷанд, тавассути шаҳраки Ғафуров то Хистеварз роҳро васеъ карда рафта истодаем. Дар чор минтақа кор идома дорад ва ин албатта, барои роҳи транзитӣ мусоидат мекунад”.

Сохтмони роҳ моҳи марти имсол шурӯъ шуда ва қарор аст се сол пас ба анҷом расад. Як қисмати ин роҳ аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мегузарад. Ҷойе аз як тараф ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва аз тарафи дигар деҳаҳои Арқа ва Борбордуқи Қирғизистон ҷойгир шудаанд. Шаҳрвандони ду кишвар аз ин роҳ, ки хароб аст, якҷоя истифода мебаранд. Дар ин минтақа чандин бор, аз ҷумла дар моҳи сентябри соли 2022 муноқишаҳои хунин сар задааст.

Алишер Абдуллоев, ҷонишини роҳбари гурӯҳи бинокорони роҳи Конибодом -Спитамен гуфт, “мо дар марзи ҳамсоякишвар кор намекунем. Ҳудуди кории мо бештар аз 50 метр аз сарҳад дур аст. Минтақаи мушкилтарини кори мо роҳи Ғафуров-Хистеварз аст ва дар он роҳ мо ба минтақаҳои баҳсӣ ворид намешавем”.

Масъулони Вазорати нақлиёт умед доранд, ки дар ҷараёни амалишавии ин лоиҳа кори комиссияи таъину аломатгузории марз ба поён мерасад ва монеае барои сохтмони роҳ ба вуҷуд намеояд. Аммо то ҳол маълум нест, ки дар чанд километри ин роҳ барои бозсозиаш ба мувофиқа расидаанд ва чанд километри дигари баҳсӣ боқӣ мондааст.

Икром Мирпоччоев
Икром Мирпоччоев

Икром Мирпоччоев, сармуҳандиси идораи роҳи вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, “аз тарафи сарҳади кишвари ҳамсоя, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсу мунозира рафта истодааст, яъне ин масъаларо баррасӣ карда истодаанд. Оиди ин масъала сохторҳои нақлиёт ҳам гуфтушунид доранд.”

Тоҷикистон бо Қирғизистон 980 километр хати марз дорад, ки аз он 664 километраш муайян шудааст. Даъво сари дастрасӣ ба замину роҳу чарогоҳ, ки замоне ба ҳамдигар иҷора дода шуда,баъдан ишғол гаштаанд ва ҳам сари манбаъҳои об боиси кашокашҳои марзӣ шудаанд. Номуайянии марз ҳамчунин сабаби ҷангу ҷидол барои пешгирӣ аз сохтани биноҳо, таъмири роҳ ё кашидани лули оби ошомиданӣ гаштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG