Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаконе, ки дар Покистон байни замину осмон монда буданд, наҷот ёфтанд


Низомиён ва мақомот дар Покистон ҳашт нафареро, ки дар дохили як вагончаи сайёри ҳавоӣ дар баландии байни кӯҳҳо дармонда буданд, наҷот доданд.

Амалиёти наҷот, ки бо истифодаи чархболҳо ва курсиҳои сайёр сурат гирифт, шоми 22-юми август ба анҷом расид ва аз ҷумла 5 кӯдаки 11 то 15-соларо сиҳату саломат берун оварданд.

Анварулҳақ Кокар, сарпарасти мақоми сарвазири Покистон хабар дод, ки “ҳамаи кӯдакон бомуваффақият ва амн наҷот дода шуданд”. Ӯ дар саҳифаи шабакаи Х, собиқ Твиттераш навишт, “кори якҷояи низомиён, наҷотбахшон, маъмурият ва ҳам сокинони маҳаллӣ олиҷаноб анҷом ёфт”.

Ҳашт сокини ноҳияе дар вилояти Хайбар Пахтунхва, ки мехостанд бо истифода аз вагончаи ҳавоӣ аз болои дарёе дар минақаи Баттаграм гузаранд, баъди канда шудани яке аз симҳо дар ҳаво дармонданд. Интизории онҳо 15 соат тӯл кашид.

Баъзе аз кӯдаконе, ки дар дохили вагонча дармонда буданд, аз мактаб бармегаштанд. Тамоси онҳо бо хонаводаашон тариқи телефони мобил сурат мегирифт.

Барои аз ҳолати муаллақ дар ҳаво наҷот додани ин гурӯҳи дармондаҳо, наҷотбахшон савори чархбол ба вагонча наздик шуда аз он ҷо ҳамаро бонавбат берун оварданд.

XS
SM
MD
LG