Бразилиҳо бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуданд. Мунтахаби Сербия бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) дар мақоми дувум ва мунтахаби Испания бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифтанд.
Вале дар ин мусобиқот ҳарду паҳлавони тоҷик - Обид Ҷебов ва Ҷаҳонгир Маҷидов - ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Нахуст гуштигири 25-солаи тоҷик Обид Ҷебов ба рақобат пардохт. Ӯ дар рӯзи аввали мусобиқот – 18-уми август – дар вазни то 66 кило дар даври аввал Андрей Клокови 31-соларо аз Литва мағлуб кард, вале дар даври дувум аз паҳлавони пуртаҷрибаи 29-солаи узбек Муҳриддин Тилавов дар замони изофа бо гирифтани «шидо»-и севум шикаст хӯрд.
Паҳлавони дигари тоҷик, Ҷаҳонгир Маҷидови 23-сола бошад, дар рӯзи севуми мусобиқот – 20-уми август – дар вазни то 90 кило дар даври аввал аз Петер Сафрани 21-сола аз Маҷористон, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, дар замони асосӣ шикаст хӯрд. Ба ҳарду довари марказ барои камфаъолиятӣ ду огоҳӣ дод, аммо баъдан Сафрани фаъолтар шуда, бо имтиёзи “ваза-ари”, сипас “иппон” пирӯз гардид.
Дар вазни то 90 кило Кристиан Тоти 29-сола аз Маҷористон, ки дар даври ниҳоӣ Михаил Зганки ҳамсолашро аз Туркия мағлуб кард, бо медали тилло мукофотонида шуд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар мусобиқоти “Zagreb Grand Prix 2023” Тоҷикистонро мебоист панҷ варзишгар - Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) - намояндагӣ мекарданд, вале бо сабаби мушкили раводид, танҳо ду нафар - Обид Ҷебов ва Ҷаҳонгир Маҷидов – сари вақт иҷозати сафар ба Хорватияро гирифтанд.
Мусобиқот аз рӯи ҳафт вазн миёни мардон ва ҳафт вазн байни занон сурат гирифт. Дар мусобиқоти “Zagreb Grand Prix 2023” 530 варзишгар (317 мард ва 213 зан) аз 83 кишвари панҷ қораи олам иштирок карданд.
Рӯзи аввали мусобиқот – 18-уми август – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор шуд. Рӯзи дувуми мусобиқот – 19-уми август - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг байни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат намуданд. Мусобиқот шоми якшанбеи 20-уми август бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг байни занон - ба поён расид.
Ба варзишгарон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу имтиёзҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 3000 евро, барои ҷойи дувум 2000 евро ва барои ҷойҳои севум 1000-евроӣ супурда шуд.
Гуфтугӯ