Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дугин гуфт, “тоҷикон бояд дини православиро қабул кунанд”. Душанбе ҳанӯз вокуниш накардааст


Александр Дугин
Александр Дугин

Як таблиғгари Кремлин, ки бо изҳороти султаҷӯёнааш маъруф аст, шарти “азхудкунии забони русӣ” ва “қабули дини провославии масеҳиро” барои тоҷикон зарур шумурдааст.

Александр Дугин, ки ӯро вебсайтҳои рӯ ба Кремлин “як файласуф” ва мунаққидон “падари маънавии Путин” дар “сиёсати неоимпериолистии раҳбари Русия“ меноманд, дар Телеграм канали худ рӯзи 16 август навиштааст, ки “барои тоҷикон як сенарий дорад”.

Ба навиштааш, “ин мардуми наҷибу қадимаи эронӣ... бояд забони русиро омӯзанд, осори Блок ва Клюевро азёд донанд, мазҳаби православиро қабул карда фарзандонашонро таъмид диҳанд (крестить детей), рӯзаи православӣ (поститься) гиранд ва дар ҳайти артиш боҷасорат аз Русия дифоъ кунанд. Ҳамонгуна, ки бояд мардуми бузурги ҳиндуаврупоӣ рафтор кунад”.

Ба навиштаи Дугин, “баъди бозгашт аз ҷабҳа тоҷикон бояд дар Русия ҳамонгуна зиндагиву кор кунанд, ки шаҳрвандону афроди боэҳтиром бояд рафтор кунанд”. “Агар ин хел нахостанд, дигаргуна буда наметонад”, навиштааст Дугин.

Маълум нест, ки ангезаи ин навиштаҳои Дугин чӣ будааст, вале вебсайти “Царьград”, ки бо нашри матолиби бадбинонааш дар нисбати муҳоҷироти тоҷик маъруф аст, изҳороти ӯро ба хабари вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон рабт додааст.

Ҳафтаи гузашта вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки мақомоти ин ниҳод ба панҷ шаҳри калони Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа “гурӯҳҳои кориро барои санҷидани шароити зиндагии муҳоҷирони корӣ сафарбар мекунад”.

Дар изҳороти вазорат гуфта шуд, ки гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратхонаҳои кишвар ташкил шудаанд. Ба ин изҳороти вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон матбуоти русӣ зиёд таваҷҷӯҳ кард.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки мавҷи ахир ва тақрибан бетанаффуси фишору таъқиб ва боздошту вайрон кардани ҳуқуқи муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия аз моҳи май ба ин сӯ идома дорад. Бархе инро чун фишори Кремлин ба Душанбе арзёбӣ мекунанд, ки барои узвият дар созмони гумрукии АвруОсиё шитоб надорад ва моил ба сафарбарии шаҳрвандонаш ба ҷанги Русия алайҳи Украина нест.

Ҳарчанд Душанбе дар ин масоил ҳеҷ гоҳ посухи қотеи рад надодааст ва мақомоти баланпояаш фишор болои муҳоҷиронро “мутобиқ ба қонунҳои Русия” мегӯянд.

Мақомот дар Тоҷикистон ба изҳороти ахири Дугин ҳанӯз ҳеҷ вокунише накардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG