Ин гуштигири 25-солаи тоҷик дар вазни то 66 кило дар даври аввал Андрей Клокови 31-соларо аз Литва мағлуб кард. Вале Обид дар даври дуввум аз паҳлавони пуртаҷрибаи 29-солаи узбек Муҳриддин Тилавов дар замони изофа бо гирифтани «шидо»-и севум шикаст хӯрд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) қаблан хабар дода буд, дар мусобиқоти “Zagreb Grand Prix 2023” Тоҷикистонро мебоист чор варзишгар - Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) - намояндагӣ мекарданд, вале бо сабаби мушкили раводид, танҳо ду нафар - Обид Ҷебов ва Ҷаҳонгир Маҷидов – иҷозати сафар ба Хорватияро гирифтанд.
Мусобиқот аз рӯи ҳафт вазн миёни мардон ва ҳафт вазн байни занон сурат гирифтааст. Дар мусобиқоти “Zagreb Grand Prix 2023” 530 варзишгар (317 мард ва 213 зан) аз 83 кишвари панҷ қораи олам иштирок мекунанд.
Рӯзи аввали мусобиқот – 18-уми август – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон ҷараён дорад. Рӯзи дувуми мусобиқот – 19-уми август - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг байни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Мусобиқот 20-уми август бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг байни занон - ба поён мерасад.
Ҳамин тариқ, дар рӯзи севуми мусобиқот – 20-уми август – паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило ба рақобат мепардозад. Ҷаҳонгири 23-сола дар даври аввал бо Петер Сафрани 21-сола аз Маҷористон вориди рақобат мешавад.
Ба варзишгарон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу имтиёзҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 3000 евро, барои ҷойи дувум 2000 евро ва барои ҷойҳои севум 1000-евроӣ супурда хоҳад шуд.
Гуфтугӯ