Козим Мусавӣ, раиси умумии Додситонии вилояти Форс, ҳамчунин гуфтааст, сабабгори ҳамла пештар аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд ва худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.
Пештар раиси умумии Додситонии вилояти Форс аз боздошти чаҳор гумонбари ҳодиса хабар дода буд. Козим Мусавӣ шоми якшанбе дар ин замина афзуд, ҳамлавари асосӣ низ "билофосила дастгир шуд" ва дар "ихтиёри бозпурс қарор гирифт".
Ҳамчунин Садо ва Симои вилояти Форс наворҳоеро аз лаҳзаи вуруди як шахси мусаллаҳ ба ин зиёратгоҳ ва ҳамчунин лаҳзаи боздошти ӯ нашр кардааст.
Дар ҳоле ки бар асоси гузоришҳои расмӣ, то кунун як нафар дар ҳодисаи рӯзи якшанбе кушта ва ҳашт нафари дигар бар асари ин руйдод захмӣ шудаанд, раиси умумии Додситонии вилояти Форс гуфт, ҳоли яке аз захмиҳо "вахим" аст.
Ҳанӯз ҳеч фард ва ё гурӯҳе масъулияти ҳодисаро ба уҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Эрон ДОИШ-ро масъули ҳамла донистанд.
Пештар ДОИШ масъулияти як чунин ҳамларо ба Шоҳчароғ дар тирамоҳи соли гузашта ба уҳда гирифта буд. Дар он ҳамла 13 нафар кушта шуданд.
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон, рӯзи 14-уми август дар нишасти порлумон бе зикри номи гурӯҳ ё кишваре иддао кард, ки "ноамн сохтани кишвар ва барҳам задани оромиши мардум ва халалдор кардани зиндагии рӯзмарраи мардум тарҳи ҳамешагии душманони миллати Эрон буда, ки дар ҳафтаҳои ахир бештар шудааст, аммо бо ҳушёрии нерӯҳои амниятӣ хунсо шуд".
Тирандозии ахир дар "Шоҳчароғ" як моҳ пас аз эъдоми ду зиндонии муттаҳам ба ҳамлаи пешин ба ин макони мазҳабии шиаиён сурат гирифт.
Додгоҳи инқилоби Шероз дар моҳи феврали имсол Муҳаммад Ромиз Рашидӣ ва Наим Ҳошим Қитолиро дар пайванд ба ҳамлаи рӯзи 26-уми октябри соли 2022 ба "Шоҳчароғ" ба "эъдом дар маҳзари умум" маҳкум кард.
Созмони ҳуқуқи башари Эрон эълон кард, ки ҳукмҳои содиршуда барои ин ду муттаҳам "далели қонунӣ надорад" ва асоси он "эътирофоти маҷбурӣ" аст.
Ҳамчунин дар моҳи апрел, ҳафт моҳ пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи пешин ба зиёратгоҳи "Шоҳчароғ" нерӯҳои ҳукумати Эрон барои чанд бор аз боздошти шахсоне дар пайванд бо он ҳамла хабар доданд ва ин бор боздоштшудаҳоро муртабит ба "ДОИШ-и Хуросон" эълон карданд.
Хабаргузории нимарасмии "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, пас аз ҳамлаи моҳи октябр ба "Шоҳчароғ"-и Шероз як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро омили асосӣ ва як шаҳрванди Озарбойҷон ҳамоҳангкунандаи ҳамла дониста буд.
Бар пояи маълумоти дарҷшуда дар як шиноснома, ки хабаргузории "Тасним"он замон нашр кард, Комрони Субҳон шаҳрванди Тоҷикистон ва зодаи соли 1999 буд. Шиноснома дар рӯзи 8-уми сентябри соли 2017 аз тарафи Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор дода шудааст.
Хабаргузории "Тасним" шаҳрванди Тоҷикистонро як узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ном бурда буд.
Гуфтугӯ