Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои II кишварҳои ИДМ. Русия - ғолиб, Тоҷикистон ҳаштум шуд 


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 4-ум то 13-уми август дар Беларус доир гардид, бо касби 13 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷои ҳаштумро соҳиб шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо бо шумули ҳудуди 130 нафар аз рӯи 13 намуд рақобат кард. Дар рӯзи охирини бозиҳо – 13-уми август - паҳлавони тоҷик Убайди Деваштич дар мусобиқаи самбо дар вазни то 79 кило медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар финал аз Борис Шатверян (Арманистон) мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, медали ягонаи тиллоро ба Тоҷикистон Меҳроҷ Сӯфиҷонов овард. Ӯ дар мусобиқаи бокс дар вазни то 48 кило миёни писарон дар финал Зафарбек Комиловро аз Қирғизистон шикаст дод. Зимнан, ин аввалин нишони тиллои мунтахаби Тоҷикистон на танҳо дар бозиҳо дар Беларус, балки нахустин медали варзишгарони тоҷик дар таърихи варзиши тоҷик дар Бозиҳои кишварҳои ИДМ ба шумор меравад.

Муштзани дигари тоҷик Анӯшервон Фозилов дар вазни то 51 кило медали нуқра гирифт. Ӯ дар даври ниҳоӣ аз муштзани русиягӣ Вячеслав Рогозин мағлуб гардид.

Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс дар Бозиҳои дувуми кишварҳои ИДМ 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Қаблан Ҳангома Исоева миёни духтарон дар вазни то 57 кило, Бузургмеҳр Иксанов (-54 кг), Рустамҷон Ашӯров (-67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) ва Руслан Федорин (-92 кг) миёни писарон барандагони медалҳои биринҷӣ гардида буданд.

Лоиқ Қутбиддинов дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни писарон бо медали нуқра мукофотонида шуд. Мадина Қурбонзода дар сабқати ҷудо миёни духтарон дар вазни то 48 кило бо медали биринҷӣ қадрдонӣ гардид. Дар сабқати куштии озод Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кило бо медаҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Боз як медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар намуди куштии фарангӣ ё юнонию румӣ байни писарон дар вазни то 60 кило ба даст овард.

Русия - ғолиби Бозиҳои II кишварҳои ИДМ

Дастаи мунтахаби Русия, ки дар даҳ рӯзи бозиҳо 288 медал (149 тилло, 89 нуқра ва 50 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Беларус бо касби 236 медал (48+78+110) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 106 медал (28+25+53) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон (10+17+35), Қазоқистон (7+14+32), Арманистон (2+2+4), Қирғизистон (1+8+18), Тоҷикистон (1+3+9), Ветнам (0+5+2) ва Туркманистон (0+3+15) дар даҳгонаи аввал ҷойгир шуданд.

Дарвоқеъ Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пеш гузашт ва нисбат ба Бозиҳои аввал як зина поин шуд. Инчунин теъдоди медалҳои нуқра чаҳор адад кам гардид. Аммо натиҷаи хурсандибахш он аст, ки варзишгарони тоҷик ин дафъа тавонистанд бори авал медали тилло бигиранд.

Ба ин тартиб, дар даҳ рӯзи бозиҳо варзишгарони 14 кишвар соҳиби медал шуданд, аз он ҷумла намояндагони 8 кишвар (Русия, Беларус, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) бо медали тилло сарфароз гаштанд.

Маросими пӯшидашавии Бозиҳои II кишварҳои ИДМ шоми якшанбеи 13-уми август дар "Минск-Арена"-и пойтахти Беларус баргузор шуд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, ки 20 намуди варзишро дарбар мегирифт, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон иштирок карданд.

Ба ғайр аз варзишгарони кишварҳои ИДМ, инчунин Ветнам 5 медали нуқра ва 2 биринҷӣ, Эрон 1 нишони нуқра ва 1 биринҷӣ, Муғулистон 1 медали нуқра, Миср 4 нишони биринҷӣ ва Куба 1 медали биринҷӣ гирифтанд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир шуд.

Бозиҳои III кишварҳои ИДМ соли 2025 дар Озарбойҷон барпо мегарданд.

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ

Бозиҳои I кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.

Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Ӯзбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG