Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диктант аз профессор ва деканҳо баҳсбарангез шудааст. ВИДЕО


Донишгоҳи давлатии Данғара
Донишгоҳи давлатии Данғара

Аз устодони унвондор диктант гирифтан дар Донишгоҳи Данғара вокунишҳои зиёдро ба миён овардааст. Ректори ин донишгоҳ мегӯяд, дар чаҳорчӯби иқдом барои баланд бардоштани саводу дониш аз устодон диктант гирифтааст. Дар миёни ширкаткунандагон мудирони факултаҳо ва номзадҳои илм низ буданд.

Масъулини донишгоҳ бар ин назаранд, ки гирифтани диктант ҳамчун василаи такмили ихтисос хидмат мекунад ва нишондиҳандаи дониш ё камбуди он нест.

Шукрулло Хайрзода, ректори донишгоҳи Данғара
Шукрулло Хайрзода, ректори донишгоҳи Данғара

Шукрулло Хайрзода, раиси донишгоҳи Данғара зимни нишасти хабарӣ гуфт, диктант ва дигар санҷишҳо як такмилдиҳӣ аст. "Чи хеле бузургони мо мегӯянд, аз гаҳвора то гӯр дониш омӯз. Дар пайравӣ ба ҳамин суханҳои бузургҳоямон мо наметавонем, ки гӯем, ки баъд аз дипломи профессор ё номзад шудан кор ҷамъбаст аст.”

Ин иқдом боиси баҳсу ихтилофи назарҳо миёни коршиносон ва устодон шудааст. Мунтақидон чунин тамринро таҳқир барои омӯзгорони унвондор медонанд. Онҳо диктантро ба унвони як тавҳин ва на иқдоме барои афзоиши дониш ва тавоноиҳо медонанд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Устодони донишгоҳи Данғара диктант супурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Ин бори аввал нест, ки дар донишгоҳҳои кишвар аз омӯзгорон диктант гирифта мешавад. Дар соли 2016 тамрини диктанти мушобеҳе дар Донишгоҳи Кӯлоб анҷом шуд. Он вақт раҳбарияти донишгоҳ сатҳи дониши 300 устодро озмоиш кард. Дар натиҷа чандин муаллим ба далели дарки дониши пойин аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Аммо раиси донишгоҳи Данғара дар бораи натиҷаҳои диктант ва аз ҷумла ихроҷ шудан ё нашудани омӯзгорон баъди ин чизе нагуфт. Ӯ танҳо ишора кард, ки худи омӯзгорон баҳои диктанташонро медонанд ва “ҳама қабул шуд.”

Ҳоло дар донишгоҳи Данғара беш аз нуҳ ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Шукрулло Хайрзода шаш моҳ пеш кори худро оғоз кард ва аз он замон тағйирот сохториро анҷом дод. То омадани Хайрзода, дар донишгоҳ 12 факулта фаъолият доштааст ва панҷтои он барҳам дода шуд. Шукрулло Хайрзода, ректори Донишгоҳи Данғара дар ҳузури хабарнигорон гуфт, "баъзе факултетҳое, ки ба талаботи низомнома ҷавобгӯ набуд, ба факултетҳои дигар мутаҳид кардем".

Гирифтани диктант ё иншо дар баъзе аз идораҳои дигари давлатӣ солҳои гузашта низ баҳсбарангез шуда буд. Абдуҷаббор Раҳмонзода, собиқ раиси Кумитаи радио ва телевизион ва сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, соли 2004, вақте раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шуд, ғайриинтизор аз ҳамаи кормандони ин ниҳод ва шабакаҳои телевизионӣ ва радио давлатӣ иншо гирифт. Бо вуҷуди вокунишҳои зиёд, Раҳмонзода аз ин иқдомаш ҳимоя карда, онро барои муайян кардани сатҳи саводи кормандон фоидаовар гуфта буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG