Бюрои мубориза бо қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон (Serious Fraud Office, SFO) дар Бритониё се амволи ғайриманқули марбут ба Гулнора Каримоваро мусодира кардааст.
Ба ин тартиб, ду манзили зист дар шаҳри Лондон ва як қаср дар минтақаи Суррей мусодира шудааст. Арзиши умумии онҳо бештар аз 20 млн фунт стерлинг баҳо дода мешавад.
Ба иттилои SFO, ин амволро Гулнора Каримова ва хонаводааш бо пулҳои аз роҳи фаъолиятҳои коррупсионӣ дар Узбекистон ба даст омада харидаанд.
Гулнора Каримова шуруъ аз баҳори соли 2019 дар маҳбаси №21 дар Узбекистон адои ҷазо мекунад. Моҳи марти соли 2020 Додгоҳи олии Узбекистон хабар дод, ки ҳукми вай 13 солу 4 моҳ тамдид шуд. Гулнора Каримова дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ, қаллобӣ, ғорат ва дигар ҷиноятҳо айбдор шуд.
Дороии умумии марбут ба Гулнора Каримова дар Швейтсария, Фаронса, ИМА ва кишварҳои дигар дар ҳаҷми 1,4 млрд доллар баҳо дода мешавад. Мақомоти Узбекистон талош доранд, ки ин маблағро ба Узбекистон баргардонанд.