Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи Azon.uz дар Узбекистон аз фаъолият боз монд


Сомонаи Azon.uz, ки дар Узбекистон матолиби исломӣ нашр мекард, фаъолияташро қатъ кардааст. Дар ин бора Мубашшир Аҳмад, муассиси сомона хабар дод.

Гуруҳи расонаҳои Azon (сомонаи Azon.uz, радиои онлайнии Azon FM, телевизиони онлайни Azon TV) баста шудааст.

"Azon.uz ҳамаи тарҳҳояшро баст. Сабабҳояш дертар баён карда мешавад, агар зарурат пеш ояд", - навишт Мубашшир Аҳмад.

Ин гуруҳи расонаҳо дар Узбекистон аз соли 2017 фаъолият мекард. Ҳадафҳои ин расонаҳо "таъмини талаботи иттилоотии сокинон, саҳм гузоштан дар тағйири фазои динӣ ва огоҳӣ, таҳлили ҳодисаҳои кишвар ва хориҷ" унвон мешуд.

Моҳи июни соли 2021 додгоҳ роҳбарони гуруҳи расонаҳои Azon.uz-ро барои нашри матлабҳои динӣ бидуни ташхис ҷарима баст. Муҳаррири пешини сомона Абдулазиз Муборак он замон ҷаримаро талоши "бастани даҳони сомона" унвон карда буд.

XS
SM
MD
LG