Паҳлавонони маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода ва Темур Раҳимов дар мусобиқоти ҷаҳонии устодони ҷудо «Hungary Masters-2023”, ки рӯзҳои 4-6-уми август дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шахри Будапешт баргузор шуд, медалҳои нуқра ба даст оварданд.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, ки лар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Мануэл Ломбардо (Италия), Даниел Сзегеди (Маҷористон) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Нилс Стамп (Швейтсария) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал паҳлавони ҷавони гурҷӣ Георги Терашвилиро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Беҳрӯз шоми шанбе, 5-уми август, барои медали тилло аз Соичи Ҳашимото, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2023 дар Доҳаи Қатар, мағлуб гашт ва бори аввал дар ин мусобиқоти пурнуфуз соҳиби медали нуқра, 4 ҳазор евро ва дар радабандии ҷаҳонӣ соҳиби 1260 имтиёз гардид.
Темур Раҳимов рӯзи 6-уми август дар вазни беш аз 100 кило рақобатро аз даври дувум оғоз карда, бар Ҷелле Сниппеи ҳолландӣ дастболо шуд. Вай дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷайегу Юн аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад.
Паҳлавони номдори тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бар рақиби ботаҷрибаи ҷопониаш Кокоро Кагуера ғалаба карда, ба финал баромад. Вале Темур дар даври ниҳоӣ аз Мартти Пуумалайнен (Финляндия) шикаст хӯрд. Дарвоқеъ, аз пеш Раҳимов се маротиба дар мусобиқоти мухталиф Пуумалайненро шикаст дода буд. Раҳимов бо медали нуқра, 4 ҳазор евро ва 1260 имтиёз қадрдонӣ шуд.
Зимнан, ин медали дувуми Темур Раҳимов дар мусобиқоти “Masterss» ба шумор меравад. Ӯ соли гузашта низ барандаи медали нуқра шуда буд. Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар таърихи ҷудои кишвар ҳамагӣ се медал гирифтаанд, ки ҳамааш нишони нуқра мебошад.
Дар рӯзи охирини мусобиқот Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 дар даври аввал Ван'т Энд Ноели ҳолландиро шикаст дода, ба даври дувум баромад. Вале Комроншоҳ аз Мурод Фатийеви озарӣ мағлуб шуда, аз идомаи сабқат бенасиб монд .
Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқот, 4-уми август, ду варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов – ҳарду дар вазни то 66 кило ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Эмомалӣ Нуралӣ баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Важа Маргвелашвили (Гурҷистон), дар даври баъдӣ аз Нармандах Баянмунх (Имороти Муттаҳидаи Араб) мағлуб шуд. Обид Ҷебов бошад, дар нахустин рақобати худ аз Буба Дайкии (Фаронса) шикаст хӯрд.
Тибки низомнома ба ин мусобиқоти байналмилалӣ варзишгароне даъват шуда буданд, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар 38-гона мавкеъ доштанд.
Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби чаҳор медали тилло, як нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Тоҷикистон бо ду медали нуқра ҷойи 11-умро касб кард.
«Hungary Masters-2023” дар доираи мусобикоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор шуд. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ шуданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медод.
Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим гардид.
Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии қаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз шуданд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дувум 1260 ва ҷойи севум 900 имтиёз шуданд.
Дар мусобиқоти байналмилалии устодони ҷудо “Jerusalem Masters 2022”, ки моҳи декабри соли гузашта дар Исроил доир гардида буд, Тоҷикистонро се варзишгар – Эмомалӣ Нуралӣ, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – муаррифӣ карданд.
Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал ба даст овард. Ӯ дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Тошканд, ки дар Будапешт нишони биринҷӣ гирифт, шикаст хӯрд.
Гуфтугӯ