Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади беш аз даҳ қурбонии садамаи Кӯлобро ба сардхона бурдаанд. АКС, ВИДЕО


Садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб
Садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб

Беш аз даҳ ҷасади қурбонии садамаи шоми 6-ум август дар Кӯлобро ба сардхона интиқол додаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки ҳодиса соати 19:30 дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ", воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб рух додааст. ВКД гуфтааст, ки “зарари ҷонӣ ва молӣ” сабт шудааст, вале омори дақиқи захмиёну қурбониёнро зикр накардааст.

Мақомоти соҳаи тандурустӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки эҳтимол шумори қурбониён аз даҳ нафар бештар аст ва ҳанӯз на ҳама захмиёну фавтидагон аз дохили мошину манзилҳои тахрибшуда берун карда шудаанд.

“Даҳ ҷасадро ба сардхона интиқол додем. Чор нафари дигар дар роҳ то беморхонаи марказӣ ҷон доданд. Ҳанӯз як омори дақиқ нест, чун захмиёнро ба беморхонаҳои шаҳр мебаранд ва маълум нест, онҳо дар кадом ҳолатанд,”—гуфт, як пизишки Беморхонаи ёрии таъҷилии Кӯлоб.

Видеоро инҷо бинед:

Ҷасади беш аз даҳ қурбонии садамаи Кӯлобро ба сардхона бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонааш хабар додааст, ки мошини боркаши тамғаи “Дулан”, ки аз пушт ядак (прицеп) доштааст, бинобар аз кор мондани "тормоз" ба садама дучор шудааст.

Ба навиштаи ВКД, мошини боркаш ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” таалуқ доштааст.

Таҳқиқи ҳодисаро Додситонии кулл оғоз кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, мошини боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шудааст ва дар назди бозори "Сомонӣ"-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, чандин мошинро пахш карда, ду манзили зистро тахриб кардааст.

То бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб мошинҳои боркаш тақрибан 20 километр аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарнишеб меоянд. Дар гузашта ҳодисаи шабеҳи инро мақомот аз кор боз мондани “тормоз”-и мошин бар асари бетанаффус поён шудан ва бори аз меъёр бештар бор кардан дар мошинҳои боркаш гуфта буданд. Аз тариқи ин роҳ бо мошинҳои боркаш бештар аз Чин молу маҳсулот ворид мекунанд.

Дар моҳи марти имсол низ як мошини боркаш дар ин маҳал ба садама дучор шуда буд. Дар он ҳодиса ронанда ва ду мусофир ҳалок шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG