Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошини боркаше дар Кӯлоб даҳҳо нафарро зер кардааст


Садам дар Кӯлоб
Садам дар Кӯлоб

Як мошини борбар дар Кӯлоб ба беш аз даҳ мошини сабукрав бархӯрда, чанд манзили зистро хароб кардааст.

Ҳодиса шоми имрӯз дар назди бозори “Сомонӣ”-и ин шаҳр рух додааст.

Мақомот мегӯянд, кушташудаҳо ҳаст, вале омори дақиқро эълон накардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, мошини боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шудааст.

То бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб мошинҳои боркаш тақрибан 20 километр сарнишеб меоянд. Дар гузашта ҳодисаи шабеҳи инро мақомот аз кор боз мондани тормози мошин бар асари бетанафус поён шудан гуфта буданд.

Ҳанӯз сабаби ин ҳодиса маълум нест.

Дар ҷои ҳодиса беш аз панҷ мошини ёрии таъҷилӣ ҳозир шудааст ва даҳҳо нафар ба кумаки осебдидагон шитофтаанд.

XS
SM
MD
LG