Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи ҷаҳонӣ медали нуқра гирифт


Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик. Акс аз Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон
Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик. Акс аз Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон

Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар рӯзи дувуми мусобиқоти ҷаҳонии устодони ҷудо "Hungary Masters-2023”, ки 5-уми август дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шахри Будапешт баргузор шуд, дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард.

Ин паҳлавони маъруфи тоҷик, ки лар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Мануэл Ломбардо (Италия), Даниел Сзегеди (Маҷористон) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Нилс Стамп (Швейтсария) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ шоми шанбе, 5-уми август, медали тилло аз Соичи Ҳашимото, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2023 дар Доҳаи Қатар, мағлуб гашт ва барои аввалин бор дар ин мусобиқоти пурнуфуз соҳиби медали нуқра, 4 ҳазор евро ва 1260 имтиёз гардид.

Зимнан, ин медали дувум дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти “Masterss" ба шумор меравад. Аз ин пеш Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило соли гузашта барандаи медали нуқра шуда буд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқот, 4-уми август, ду варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов – ҳарду дар вазни то 66 кило ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Эмомалӣ Нуралӣ баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Важа Маргвелашвили (Гурҷистон), дар даври баъдӣ аз Нармандах Баянмунх (Имороти Муттаҳидаи Араб) мағлуб шуд. Обид Ҷебов бошад, дар нахустин рақобати худ аз Буба Дайкии (Фаронса) шикаст хӯрд.

Тибки низомнома ба ин мусобиқоти байналмилалӣ варзишгароне даъват шудаанд, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар 38-гона мавқеъ доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ нафар дохиланд: ⁃ 66 кг - Эмомалӣ Нуралӣ, ⁃ 66 кг - Обид Ҷебов, ⁃ 73 кг - Беҳрӯзи Хоҷазода, ⁃ 90 кг - Комроншохи Устопириён, +100кг - Темур Рахимов.

Бояд гуфт, барои ширкат дар "Hungary Masters-2023” паҳлавони номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ даъват шуда буд. Ӯ дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни то 81 кило бо 1300 имтиёз дар мақоми 13-ум қарор дорад. Вале Сомон ба Будапешт рафта натавонист. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ин варзишгари машҳури тоҷик иҷозаи вуруд (виза) ба Маҷористон дода нашуд.

Чунон ки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқот 419 варзишгар (216 мард ва 203 зан) аз 59 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок мекунанд.

Мусобиқоти “Hungary Masters 2023” рӯзи ҷумъаи 4-уми август бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон, -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон оғоз гардид. 5-уми август мардҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг, бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг, 6-уми август мардҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг, бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг сабқат мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар рӯзи охирини мусобиқот (6-уми август) Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов ба майдони набард ворид мешаванд.

Рақибони ду паҳлавони тоҷик дар “Hungary Masters 2023” :

Вазни – 90 кг:

Комроншоҳи Устопириён – Ван т Энд Ноел (Нидерланд)

Вазни + 100 кг

Темур Раҳимов – Ҷамол Ғамзатхонов (Озарбойҷон) / Ҷелле Сниппе (Нидерланд)

Баъди натиҷагирии рӯзи дувуми мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби чаҳор медали тилло ва як нуқра дар мақоми аввал аст. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷойи 9-ум қарор дорад.

"Hungary Masters-2023” дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор шудааст. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медихад.

Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4 ҳазор евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим мешавад.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии чаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дувум 1260 ва ҷойи севум 900 имтиёз мегиранд.

Дар мусобиқоти байналмилалии устодони ҷудо “Jerusalem Masters 2022”, ки моҳи декабри соли гузашта дар Исроил доир гардид, Тоҷикистонро се варзишгар – Эмомалӣ Нуралӣ, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов – муаррифӣ карданд.

Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Маҷористон, Озарбойҷон ва Узбекистон ба финал роҳ ёфт. Вале Темур дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ, барандаи медали нуқраи "Қаҳрамонии ҷаҳон-2022" дар Тошканд, шикаст хӯрд. Ба Саито медали тилло ва ба Раҳимов медали нуқра тақдим гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG