Чунин даъват шоми 4-уми август аз забони вазири корҳои хориҷӣ ва муовини раиси ҳукумати Туркманистон Рашид Мередов дар поёни мулоқоти президентони ин се кишвар дар Ашқобод садо дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфтааст, “Туркманистон захираҳои ғании газ дорад. Гуногунии самтҳои содироти газ ва айни замон, риояи мувозинати манфиатҳои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва истеъмолкунандаи энержӣ принсипи бунёдӣ дар иҷрои тарҳҳои байналмилалии мо маҳсуб меёбад. Маҳз ба ҳамин хотир ҷониби Туркманистон пешниҳод кардааст, ки дурнамои шарикии стратегӣ дар соҳаи газро миёни Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ намоем”.
Дар ҳамоиши президентони ин се кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов иштирок карданд. Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфтааст, “Тоҷикистон, бо дарназардошти захираҳои бойи гидроэнергетикии худ, ҳадаф гузоштааст, то истеҳсоли “энергияи сабз”-ро рушд диҳад ва омода аст дар ин соҳа бо кишварҳои минтақа минбаъд низ ба таври фаъол ҳамкорӣ намояд”.
Ӯ инчунин “ба истифодаи босамари иқтидори се кишвар дар бахши нақлиёт” ва бунёди “долонҳои тиҷоративу транзитии авлавиятнок дар самти Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб” таъкид кардааст.
Мулоқоти сегонаи президентони кишварҳои ҳамсоя ва ҳам се ҷумҳурии ҳаммарз бо Афғонистон, ки баъди соли 2021 қудратро дар ин кишвар Толибон зери назар доранд, бори аввал сурат мегирад.
Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 5-уми август аз таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Маскав Аркадий Дубнов хост, муҳимтарин нукоти мулоқоти се президентро шарҳ диҳад.
Аркадий Дубнов: Ин мулоқот куллан аз он ҷиҳат мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки Туркманистон омодагиашро барои ҳамкориҳо дар бахши минтақавӣ аз роҳи эҷоди як навъ сохторҳое бо кишварҳои ҳамсоя ба намоиш мегузорад. Туркманистон гуфт, ки омода аст бо Тоҷикистону Узбекистон дар заминаи интиқоли газ як, ба истилоҳ, “консорсиум” таъсис диҳад ва бо ин кораш ба унвони як содиркунандаи газ ба рақобати минтақавӣ бо кишварҳои пеш аз ҳама мисли Русия ворид мешавад. Русия ба Чину Туркманистон газ медиҳад. Туркманистон мегӯяд, ки имкониятҳои нақлиётии худро дар интиқоли газ ба Чин ва ҳамзамон кишварҳои ҳамсояаш васеъ мекунад. Мо медонем, ки имсол дар Узбекистон аз назари истеъмоли газ бӯҳроне сар зад. Русия он вақт пешниҳод кард, ки як консорсиум таъсис диҳад, вале Узбекистон гуфт, ки танҳо бар пояи равобити тиҷоратӣ ва ин корро танҳо бо Туркманистон омода аст бикунад. Мулоқоти ахир инро собит мекунад. Ҳанӯз натиҷае нест, вале мувофиқаҳо ҳосил шуданд ва эҳтимолан Тоҷикистон ҳам аз роҳҳои барқарор кардани зербунёдҳои зарурие, ки бояд такмил шаванд, аз гази Туркманистон баҳра мебарад. Чунин ҳамкориҳо барои сокинони ин кишварҳо дар афзоиши захираҳои энержии онҳо бисёр муфид хоҳад буд. Ба як масъала бояд таваҷҷӯҳ кард, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба ҳеҷ сурат набояд ба маънои шаклгирии сиёсии ин созишҳо фаҳмида шавад. Танҳо созишҳои тиҷоратӣ, ки эҳтимолан дар ҷараёни мулоқоти президентон тирамоҳи соли ҷорӣ дар санадҳо зикр мешаванд.
Чизи дигаре, ки ба он бояд аҳамият дод, ин аст, ки ин мулоқоти се кишвари ҳаммарз бо Афғонистон буд. Вале дар эъломияи ниҳоии ҷаласа исми Афғонистон аслан зикр нашудааст. Фикр накунам, ки дар ин бора сӯҳбат нашуд. Эҳтимолан гап сари ин аст, ки ҳарсе кишвар дар нисбати ҳокимони имрӯзаи Афғонистон - Толибон мавқеи мухталифе доранд. Дар ин масъала эҳтимолан пайдо кардани мавқеи муштараке феълан имкон надорад.
Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, то куҷо созишҳои машваратшуда дар Ашқободро мешавад дар пайванд ба ҷанги идомаёбандаи Русия алайҳи Украина ва хоҳиши ин кишварҳо ба рушди соҳаҳои нақлиёту энержии худ бо нигоҳ ба самтҳои фаротар аз Русия арзёбӣ кард?
Аркадий Дубнов: Як чизро мешавад бо дилпурӣ гуфт, ки имрӯз ин кишварҳо метавонанд ин масоилро бидуни он ки ба Маскав нигоҳ кунанд, ҳал бикунанд, чун Русия ҳоло бо масоили Украина машғул аст. Маскав ҳоло фурсат надорад, ки дар фикри маҳдуд кардани мустақилияти онҳо бошад, онҳо хеле мустақилонатар амал мекунанд. Маскав муддатҳост, ки дигар дар фикри содироти гази туркманӣ нест. Онҷо кайҳо дарк карданд, ки харидори асосии гази туркманӣ Чин мебошад. Танҳо чизе, ки метавонад онҳоро ташвиш диҳад, ин аст, ки акнун як қисме аз ҳаҷми воридоти гази Русияро ба Чин гази туркманӣ ташкил хоҳад дод. Ашқобод ният дорад истихроҷи газро то якуним-ду баробар афзоиш диҳад.
Ва чизи дигаре, ки дар робита бо ҳамкориҳои геополитикӣ бояд гуфт, ин аст, ки мулоқоти се раҳбар ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамкориҳои минтақавии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Тирамоҳ бояд дар Душанбе мулоқоти президентон баргузор шавад ва ҳамин иттиҳоди се ҷумҳурӣ нақши минтақаро ҳамчун субъекти мустақилонаи сиёсати байналмилалӣ вазнинтар мекунад, чун аз манфиатҳои худ дифоъ мекунанд.
Радиои Озодӣ: Кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, ки чанд сол пеш бо ҳам равобити начандон хуб доштанду кадом мушкилоти дипломатӣ ҳам байнашон вуҷуд дошт, ҳоло дилгармии бештаре нишон медиҳанд. Сабаби ин дар чист, ба назари шумо?
Аркадий Дубнов: Дар умум, муносибатҳои кишварҳои минтақа, ҳам миёни Туркманистону Тоҷикистон ва ҳам Тоҷикистону Узбекистон баъди марги Ислом Каримов (президенти собиқи Узбекистон) ва бо омодани Шавкат Мирзиёев сифатан ва аз назари мазмун хеле беҳтар шуданд. Узбекистон дар минтақа аз ҳар ҷиҳат кишвари муҳим аст, бо ҳама дар минтақа ҳамсарҳад аст. Сиёсати Каримов, ки дар сатҳи шахсӣ бо ҳамсояҳо хуб набуд, монеи равобити ҳамсояҳо мешуд. Бо омадани Мирзиёев, бархӯрд иваз шуд. Барои Мирзиёев равобит бо ҳамсояҳо бисёр муҳим аст. Мо медонем, ки назар ба Душанбею Ашқобод равобити Душанбею Тошканд хеле беҳбуд ёфтааст. Ин муносибатҳо ҳатто муҳимтар ҳастанд. Ҳоло табиист, ки беҳбуди равобит бо Ашқобод ҳам бояд сурат гирад ва президенти Туркманистон ҳам нав шудааст. Ҳарчанд салоҳиятҳои ӯ ҳамчун раҳбари кишвар ва қудраташ ба ҳайси раҳбари мустақил аз падараш маҳдуд аст, ба ҳар ҳол, ӯ раҳбари кишвар аст ва ба ӯ иҷоза додаанд, ки дар равобиташ бо ҳамсояҳо нармпазиртар бошад.
Гуфтугӯ