Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон шароити боз шудани марзро шарҳ дод


Мақомоти Қирғизистон дар вокуниш ба изҳороти ахири раиси вилояти Суғди Тоҷикистон гуфтанд, мавзӯи боз шудани марзи ду кишвар баъди анҷоми кори аломатгузории сарҳад баррасӣ мешавад.

Дар ин бора мақомоти вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон имрӯз бо нашри як изҳорот хабар доданд. Онҳо таъкид кардаанд, ки дар мулоқоти се раҳбарии вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки моҳи июл баргузор шуд, сухан аз таъмини сулҳу амният дар сарҳад рафт.

Ин дар ҳолест, ки мақомдорони Ҳукумати вилояти Суғд ахиран аз тасмимҳо барои боз шудани марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи дуюми август, дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар мулоқоти охирини онҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба боз шудани сарҳадҳои давлатӣ ва дубора барқарор шудани гардиши мол миёни кишварҳо таъкид шудааст.

Мақомоти Қирғизистон дар посух ба ин хабар гуфтаанд, ки “дар навбати аввал бояд аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизисттон анҷом шавад ва баъдан масъалаи бозкушоии тадриҷии марз ва тақвияти равобити дуҷониба баррасӣ шавад”.

Баъди муноқишаи серӯзаи хунине дар поёни моҳи апрели соли 2021 Қирғизистон сарҳадашро бо Тоҷикистон баст ва вуруди шаҳрвандони ин кишвар ба қаламравашро манъ кард. Ин ҳолат боиси якбора коҳиш ёфтани додугирифтҳои тиҷоратию марзӣ миёни ду кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG