Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шаҳрванди Узбекистонро баъди маргаш "муҷозот" мекунад


Бинои Сафорати Русия дар Кобул.
Бинои Сафорати Русия дар Кобул.

Додгоҳе дар шаҳри Маскав парвандаи маргталаберо, ки моҳи сентябри соли 2022 худро дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул тарконид, баррасӣ мекунад.

Нашрияи "Коммерсант" бо истинод ба Додситонии кулли Русия хабар дода, ки ҳамларо шаҳрванди Узбекистон Хусанҷон Осимӣ анҷом дода буд.

Тибқи иттилои манбаъ, Осимӣ солҳои ахир дар Афғонистон мезист ва узви шохаи "Хуросон"-и гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" буд. Мақомоти Русия зидди ӯ бо банди "иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ ва амали террористии байналмилалӣ" парванда боз кардаанд.

Наздикони Осимӣ бо ин иттиҳом розӣ нестанд. Бинобар ин, мақомоти Русия ӯро ғоибона ва пас аз маргаш "муҷозот" кардан мехоҳанд.

Афсари пулиси Толибон, Мавлавӣ Собир он замон ба хабаргузориҳо гуфта буд, "нозирони сафорат маргталабро пеш аз он, ки ба ҳадафи худ расад, шиносоӣ карданд ва ӯ аз нигаҳбонон кушта шуд".

Дар таркиши назди Сафорати Русия дар Кобул ду кас кушта ва камаш 11 нафар захмӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи 5-уми сентябри соли 2022 рӯй дода буд.

XS
SM
MD
LG