Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои нави ҳукумат ва порлумон соли оянда боз мешавад


Биноҳои порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон, ки бо сармояи Чин сохта шудааст, соли оянда ифтитоҳ мешаванд. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон 2-юми август хабар дод.

Сохтмони ин ду бино соли 2018 оғоз шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Чин барои сохтмони бинои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон 1,5 миллиард юан ҷудо кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон сохтани ин ду иншоотро "дастгирии беғаразонаи молии кишвари дӯсту ҳамсоя" номиданд, аммо мунтақидон онро як навъ нуфузи дигари Чин ба Душанбе гуфтанд. ​

XS
SM
MD
LG