Баъд аз чаҳор соли қатъи парвозҳо ва бо қарзҳои бузурге, ки бар дӯш дорад, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” тасмим дорад, дубора ба парвоз шурӯъ кунад.
Ин тасмим дар пайи ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймо аз як ширкати туркӣ ҳосил шудааст.
Масъулини ширкати "Тоҷик Эйр" дар нишасте дар Душанбе хабар доданд, ки ду моҳ баъд парвозҳоро шурӯъ мекунанд.
Парвиз Шодмонзода, мудири кулли ширкати "Тоҷик Эйр" охири ҳафтаи гузашта дар ҳузури хабарнигорон гуфт, барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои "Аэробус" бо ширкати туркии “Southwind” шартнома баста шудааст. “Айни замон ин ду ҳавопаймо барои ба Душанбе овардан омода шудаанд. Рӯзҳои наздик “Тоҷик Эйр” ба парвозҳои худ оғоз мекунад”. - афзуд, вай.
Тасмими парвоз бо қарзҳои ҳангуфт
Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” чанд соли охир бо мушкили ҷиддии молӣ рӯ ба рӯ аст. Аз ҷумла, дар пайи як баҳси додгоҳӣ аз коршарики литвонияш "Скайроуд лизинг" 23 миллион доллар қарздор шуд.
Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва ҳавопаймояш аз парвоз монданд.
Баъзе аз ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” дар фурудгоҳҳои хориҷӣ ҳабс шудаанд. Аксари корманди ширкат дар рухсатии бемузд ҳастанд. Аммо мусъулини ширкати Тоҷик Эйр гуфтанд масъалаи қарзи ширкат ҳал мешавад ва “он ба ҳеҷ ваҷҳ ба азсаргирии кор таъсир намерасонанд”. Ӯ аз ҷумла гуфт, баҳс бо ширкати Литвонӣ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. “Мо дубора ба додгоҳ муроҷиат кардем. Мурофиаи додгоҳӣ аз нав мешавад, мумкин аст додгоҳ ба фоидаи мо ҳал шавад”.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.
"Имкони рақобат бо «Сомон Эйр»-ро нахоҳад дошт"
Коршиносон ба дубора фаъол шудани “Тоҷик Эйр” то ҷое бовар доранд, аммо мегӯянд ба фаъолияти тулонии ширкат чандон умед надоранд.
Абдуманнон Шералиев таҳлилгари иқтисодӣ гуфт: “Агар ҳукумат ҷиддан тасмим гирифта бошаду маблағгузорӣ кунад, имкон дорад. Аммо ман чандон бовар надорам, ки ин кор амалӣ шавад, чун саддҳои зиёде мавҷуданд. Пеш аз ҳама персонал, ки ҷамъ карданаш бисёр мушкил аст. Баъдан агар он ба яке аз афроди бисёр таъсиргузори кишвар таъаллуқ нагирад, имкони рақобат бо «Сомон Эйр»-ро нахоҳад дошт".
Дар зимн, масъулини ширкати "Тоҷик Эйр" дар нишасти хабарии ин ниҳод дар моҳи январ ҳам гуфта буданд, ки чанд моҳ баъд парвозҳо аз сар гирифта мешаванд.
Масъулини ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯянд, баъди оғози дубораи фаъолият, ширкат парвозҳоро ба сатмҳое, ки таъин шудааст, анҷом медиҳанд.
Аммо санаи дақиқи оғози парвози ҳавопаймоҳо ва самти он мушаххас нест ва то он замон осмон барои ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ҳамоно баста боқӣ мемонад.
Гуфтугӯ