Мақомоти тоҷик мегӯянд, занону кӯдаконе, ки аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Сурия ба Тоҷикистон бозгардонида шудаанд, ҳанӯз ҳам ба табобату офиятбахшӣ ниёз доранд.
Дар нишасте ҳафтаи равон мақомоти кишвар таъкид карданд, ки занону кӯдакони бозгардонидашуда, пас аз табобати ҷисмониву равонӣ вориди ҷомеа хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ҳоло занон ба омӯзиши касбу ҳунар машғуланд. Мақомот дақиқ намегӯянд, ки онҳо кай ба хонаводаҳояшон бармегарданд.
Суҳайлӣ Қодирӣ як масъули идораи Омбудсмени тоҷик, рӯзи 26-уми июл дар ҳузури рузноманигорон гуфт: “ин гурӯҳи занону кудакон дар муассисаи давлатӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Як марҳилаи муайян бо онҳо кор карда мешавад. Ин масъалаҳо ба он нигаронида шудааст, ки онҳо илова бар ин, ки ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд, бояд ба тавонбахшиву офиятбахшӣ фаро гирифта шаванд. Масъалаи дигар ин ҳамгироии иҷтимоии ин нафарон мебошад».
Занону кудаконе, ки ахиран ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, зери назорати вижаи мақомоти марбута ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол баҳори имсол як манбаи Радиои Озодӣ гуфта буд, даҳҳо зан ва беш аз 100 кӯдаки ба ватан баргардонидашудаи тоҷик, моҳи март ба хонаводаҳояшон супурда шудаанд. Мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Бори охир 104 нафар, аз ҷумла 31 зан ва 73 наврас аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Тобистони соли гузашта ҳам 146 зан ва кӯдаки тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурия ба кишвар оварданд. Мақомот мегӯянд, ин гуруҳи занону кудакон, ҳамсарону фарзандони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки дар майдонҳои ҷанг кушта шуданд.
Қаблан Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфта буд, занону кӯдакон дар шароити риққатборе зиндагӣ мекунанд. Ҳануз ҳам бархе аз занони тоҷик дар зиндони ин кишварҳо нигаҳдорӣ мешаванд, чун ҳеҷ шартномае барои истирдод байни Ироқу Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Мисли духтари Сабзагул Камолова, Зуҳро Хоҷаева, ки дар яке аз зиндонҳои Ироқ аст. Вай мегӯяд, ҳар бор бо дидану шунидани хабари бозгардонии занону кудакон умедвории ӯ ҳам барои овардани духтараш бештар мешавад.
Фарзандони Зӯҳроро чанд соли пеш ҳамроҳ бо даҳҳо кӯдаку навраси дигар ба Тоҷикистон оварданд ва Сабзагул Камолова, тамоми ин солҳо талош дорад, набераҳояшро ба тарбияи худ бигирад, вале то ҳол ба ин муваффқ нашудааст. Набераи хурдии ӯ ҳангоми бозгашт ҳамагӣ 1 сола буд.
Мақомот дар мавриди замони пайвастани ҳама кӯдакону занони ба ватан баргардонидашуда бо хонаводаҳои худ иттилои дақиқ намедиҳанд.
Равоншиносони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тавсия додаанд, ки барои ҳарчӣ зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба ҷомеа, бояд онҳо дар канори хонавода қарор бигиранд.
Ба назар мерасад, ки мақомот ва мутахассисони созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли ин мавзуъ рӯйкардҳои гуногун доранд. Коршиносон ба ин боваранд, ки интихоби саробони ояндаи ин гуруҳи кудакон бояд аз суи мақомот дуруст омухта шавад.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, на ҳама хонаводаҳо дар Тоҷикистон тавони таъмину тарбияи атфоли баргардонидашударо доранд: "аксари кудаконе, ки баргардонида шудаанд, ятим ҳастанд. Падар надоранд ва модар дошта бошанд ҳам дар зиндон аст. Агар ин бачаҳо ба дасти бобо ё бибӣ супорида шаванд, тарбияи онҳо душвор аст. Ман хабар дорам, бачаҳое, ки ба бобову бибӣ дода шуда буданд онҳо зиндагии хуб надоштанд. Маълум, ки мард ва ё зан агар барҷомонда шуд ё нафақа баромад, он қадар даромади хуб надоранд. Онҳо барои таъмину таҳсили ин гуруҳи бачаҳо мушкилӣ мекашанд”.
Мавзӯи ба хона баргаштани занону ба пайвандон надодани кӯдакону наврасоне, ки аз Ироқу Сурия оварда шудаанд, солҳои гузашта ҳам баҳсҳоеро ба миён оварда буд. Мақомоти гуфта буданд, ин кӯдакон дар шароити хуб нигоҳдорӣ мешаванд.
Гуфтугӯ