Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халиҷи Форс ё Араб? Суоле, ки баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон доғ шуд. ВИДЕО


Сафари ду рӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Арбистони Саудӣ поён ёфт, вале мавзӯе, ки аз ин сафар бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанҷолӣ шуд, Халиҷи Араб номидани Халиҷи Форс буд. Таърихан, минтақае, ки эрону бархе кишварҳои арабӣ дар соҳиби баҳри Миёназамин ҷойгиранд, Халиҷи Форс номида мешавад, вале чанд соли ахир кишварҳои арабӣ ин минтақаро Халиҷи Араб меноманд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Арабистони Саудӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар Арабистони Саудӣ

Дар рӯзҳои аввали сафари Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи президент ин минтақаро Халиҷи Араб навиштанд, вале пас аз вокунишҳо онро пок карданд ва танҳо кишварҳои Халиҷ навиштанд. Шояд Халиҷи Араб номидан аз номи расмии ҳамоиш буд, ки онҷо ҳамоиши кишварҳои Халиҷи Араб номида шуда буд. Корбарони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуро ҷиддӣ гирифтанд ва вокуниш карданд.

Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифааш дар "Фейсбук" дастурамали Созмони Милали Муттаҳидро нашр кард, ки ин минтақаро Халиҷи Форс номидааст.

Дар умум, мавзӯи Халиҷи Араб номидан ин минтақа борҳо баҳсҳои дипломатиро низ эҷод кардааст. Эрон ба ин мавзӯъ ҳамеша ҳасосият нишон медиҳад ва Халиҷи Араб номидани Халиҷи Форсро талоши таҳрифи таърих меномад. Эҳтиёт дар муносибат бо Эрон буд ё чизи дигар, ки сомонаи президенти Тоҷикистон эҳтиёткорона хабарҳояшро ислоҳ кард. Яъне, зоҳиран бетарафона ин минтақаро кишварҳои Халиҷ номид.

Обид Шакурзода, таърихдони тоҷик низ ҳам бо таъкид ба далеҳои таърихӣ гуфтааст, набояд ин минтақаро Халиҷи Араб номид. Умеди Ҷайҳонӣ, фаъоли дигари шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки “Халиҷи Араб дар қадим дарёи Сурхро меномиданд ва акнун ҳам халиҷе дар шимоли Мисрро меноманд.”

Дар ин баҳс дида мешуд, ки ҳатто тарафдорони ҳукумат низ нороҳатанд. Бахтзода Ҷомӣ, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳамеша аз сиёсатҳои ҳукумат пуштибонӣ мекунад, аз Халиҷи Форс номидан ин минтақаро пуштибонӣ кардааст.

Арабистони Саудӣ ва Эрон ду кишваре дар ин минтақа ба ҳам муносибати хуб надоранд ва ҳамеша сари масоили гуногун баҳсҳои дипломатӣ доранд. Тоҷикистон зоҳиран талош дорад, ки ҳам бо Эрон, ки сари қудрати пайравони аҳли ташаюй ҳаст ва ҳам бо Арабистони Саудӣ, ки қудратро сунниҳо дар даст доранд, муносибати яксон дошта бошад. Эрон дар чанд тарҳи иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва Тоҷикистон талош дорад, ки аз Арабистони Саудӣ низ сармоя ба даст орад.

Суҳбати видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Эътироз ба истифодаи истилоҳи "Халиҷи Араб" ба ҷойи "Халиҷи Форс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Баҳси Халиҷи Форс ба андешаи коршиносон дар шароити имрӯз ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон нест. Шояд ҳамин буд, ки пас аз вокунишҳо фавран сомонаи президенти кишвар мавқеи бетарафиро гирифт ва ин минтақаро танҳо Халиҷ номид.

Баҳси Халиҷи Форс ё Араб солҳои пеш ҳам буд. Аз ҷумла соли 2012 ширкати Гугл (Google) дар нақшаҳои худ, дар барномаи Google Earth ду ном Халиҷи Форс ва Халиҷи Арабиро истифода кард. Ин кор эътирози сахти Эронро ба дунбол дошт ва ин давлат гуфт, агар Гугл хатои худро ислоҳ накунад аз болои он шикоят хоҳад кард. Рӯзномаи бритониёии «Гордиян» он сол навишта буд, номи Халиҷи Форс дар сатҳи байналмилалӣ маҳали муноқиша нест ва СММ ва кишварҳои ғарбӣ ба ин минтақа бо номи Халиҷи Форс ишора мекунанд. Аммо кишварҳои арабӣ маъмулан аз унвони дигаре истифода мекунанд ва бисёре аз расонаҳо низ барои худдорӣ аз муноқиша, танҳо аз вожаи «халиҷ» истифода менамоянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG