Тоҷикистон содироти сементро ба хориҷи кишвар манъ кардааст. Манъи содироти семент дар як номаи Хадамоти гумрук ба зерсохторҳои минтақавии он зикр шудааст. Бар асоси ин нома, содироти семент аз рӯзи 11-уми июли имсол манъ шудааст.
Дар пайи ҷорӣ намудани ин маҳдудият, инак як ҳафта боз соҳибкорони тоҷик наметавонанд сементи худро ба хориҷи кишвар баранд. Дар номаи Хадамоти гумрук, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, раиси ин ниҳод ба нақл аз дастури сарвазир мегӯяд, "бо мақсади таъмини бозори дохилӣ баровардани семент ба хориҷи кишвар манъ карда шавад."
Намояндагони баъзе корхонаҳои сементбарорӣ чунин тасмимро барои идомаи корашон зиёновар медонанд. Мақомот аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунад ва намегӯянд, ки талаботи солонаи кишвар ба семент чӣ қадар аст ва чаро якбора содироти он манъ шуд?
Тоҷирон ҳам аз ҷузъиёти ин тасмим бехабаранд, вале таъкид мекунанд, ки айни ҳол талабот ба семент зиёд шудааст. Тоҷир Ҷамшед Нозимов, рӯзи 14-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "нархи семент нисбат ба тобистони гузашта 3-4 сомонӣ гарон шудааст". Нархи як халта сементе, ки қаблан 48 то 50 сомонӣ буд, ҳоло ба 55-56 сомонӣ расидааст.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Мунис Қодиров, яке аз тоҷирони дигар дар як рӯз 250 то 300 халта семент мефурӯшад. Вай афзоиши талаботро ба густариши корҳои сохтмонӣ рабт медиҳад: "Сабаб сохтмон зиёд шудааст, ободӣ бисёр аст, сохтани хонаҳо зиёд мешавад. бисёртар аз сабаби ҳамин талабот бештар аст".
Тобистон мавсими корҳои сохтмонист ва ҳамасола дар ин вақт таваҷҷӯҳ ба аксар масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент зиёд мешавад. Вале манъи содироти семент ба хориҷа ҷаноби Лу, намояндаи корхонаи “Хуаксин Ғаюр семент”-ро дар ҳайрат гузоштааст. Вай рӯзи 14-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби манъи содиротро ба онҳо шарҳ надодаанд.
“Сементе, ки мо дар Тоҷикистон истеҳсол мекунем беш аз талаботи мардум аст. Анборҳо пур аст. Бояд содир кунем. Агар содир накунем корхона маҷбур мешавад фаъолияташро боздорад,”-гуфт, ӯ.
Намояндагони чанде аз чунин корхонаҳо дар сӯҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, агар манъи содирот дарозмуддат шавад, онҳо муфлис хоҳанд шуд. Зеро содирот манбаи асосии даромадашон будааст. Дар байни тоҷирон аз он низ сӯҳбат мешавад, ки талаботи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба семент зиёд гаштааст.
Вазорати саноат ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон масъаларо шарҳ намедиҳанд. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои навин барои шарҳи мавзӯъ номаи расмӣ талаб карданд. Бо вуҷуди дастрас намудани нома, дар ин вазорат аз сӯҳбат худдорӣ намуданд.
Бархе аз коршиносон ин тасмими ҳукуматро дар кутоҳмуддат мусбат, вале дар дарозмуддат манфӣ арзёбӣ мекунанд.
Ба назари рӯзноманигор Абдулло Ашӯров, саноати тавлиди семент аз бахшҳоест, ки таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла чиниҳоро ҷалб кардааст, вале манъи содирот боис мешавад, ки онҳо дигар дар ин бахш сармоягузорӣ накунанд.
"Содироти семент дар солҳои охир ба як манбаи даромади асъори нақди хориҷӣ дар Тоҷикистон табдил шуда буд, ки тибқи оморҳои охире, ки дастрасанд беш аз ҳудуди 200 миллион доллар ба кишвар аз ҳисоби содироти семент асъори нақд ворид мешуд. Ангезаи тасмими ҳукумат маълум, ба хотири таъмини ниёзҳои дохилӣ ба семент ва ҷилавгирӣ аз болоравии нархи он аст. Аммо аз сӯи дигар ин паёмадҳои ногуворе дар дарозмуддат барои иқтисоди миллии Тоҷикистон дошта метавонад”-афзуд, ӯ.
Абдулло Ашуров мегӯяд, Тоҷикистон бо ин тасмимаш метавонад бозори сементро дар хориҷи кишвар аз даст диҳад ва бозгашт ба он кори осоне нахоҳад буд.
Бино бар омори расмӣ, Тоҷикистон 16 корхонаи истеҳсоли семент дошта, солона беш аз чор миллион тонна семент тавлид мекунад. Соли гузашта зиёда аз як миллион тоннаи он асосан ба Узбекистону Афғонистон содир шудааст.
Гуфтугӯ