Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На танҳо мардуми Украина, балки ҷонваронаш ҳам паноҳҷӯ шудаанд. ВИДЕО


Боғи ваҳши вилояти Запорожйе
Боғи ваҳши вилояти Запорожйе

Боғи ҷонварони шаҳри Познан якҷо бо Маркази наҷоти ҷонварони ваҳшии Украина аз оғози ҷанг беш аз 200 ҳайвонро наҷот додаанд.

Ҷанги Русия дар Украина на фақат сокинони кишвар, балки шеру паланг ва хирсу ҷонварони онро паноҳҷӯ кард. Ҷонварони нодир аз боғи вуҳуши Украина ба Познани Лаҳистон интиқол ёфтанд.

Асяро бо се шербачааш ду ҳафта пеш ба боғи ҷонварони Познан оварданд. Сиҳатии онҳо беҳтар аст, аммо кормандони боғ мегӯянд, ин 4 ҷонвар ҳанӯз ба худ наомадаанд. Ева Зграбчинска, раҳбари боғи ҷнварони Познан гуфт: “Ҳамаи онҳо аз ҳузури одамон каме озор мебинанд, ин ҳама таъсири осеби гирфтаашон аз мушаку ҳамлаҳои бесарнишинҳо аст."

Асяро дар пайи як амалиёт низомиёни Украина ва Маркази наҷоти ҷонварони ваҳшӣ аз як қафас ё парваришгоҳи хусусие дар минтақаи Донетски Украина пайдо кардаанд. Наталя Попова, роҳбари Маркази наҷоти ҷонварони ваҳшӣ:

“Ҳангоми озод кардани ноҳияҳои ғасбшуда артиши мо баъзан ҷонварони партофташударо пайдо мекунанд, ки дар қафас бе обу ғизо мондаанд. Соҳибони онҳо аз ҷанг гурехта ҷонваронро партофтаанд.”

На танҳо мардум, ҷонварон ҳам сарсон шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Пеш аз оғози ҷанг ҳам Наталя ба наҷоту раҳо кардани ҷонвароне машғул буд, ки дар шароити бадтарин нигаҳдорӣ мешуданд. Аммо ҷанг кори ӯро дучанд кард. Ҳоло ихтиёриён медонанд, ки вақте дар хатти ҷабҳа ҷонвари бесоҳиберо диданд, бояд ба ӯ занг зананд.

Наталя Попова, роҳбари Маркази наҷоти ҷонварони ваҳшӣ: “Мошини мо бо қафас ва доруи мадҳушкунанда муҷаҳҳазу омода аст. Вақте касе ба ман занг мезанад, фавран ба роҳ мебароям”

Ҷонваронро аввал ба маркази Попова дар Киев меоранд. Баъди як муддат карантин, онҳоро тариқи марз ба боғи ҷонварони Познан мебаранд. Як муддат дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Вақте дар Украина ҷанг сар шуд, Ева Зграбчинска ба Наталя пешниҳоди кӯмак кард. Онҳо якҷо, садҳо ҷонварро аз марг наҷот доданд.

Ева Зграбчинска, раҳбари боғи ҷонварони Познан: “Зиёда аз дусад даррандаи азимҷусса ва хурд, беш аз 50 шер ва навъҳои дигари палангу гурбаҳо ва ҷонварони хурд ба мисли рӯбоҳ наҷот ёфтанд.”

То замони пайдо шудани макони доимӣ барои ин ҷонварон, онҳо дар Познан нигаҳдорӣ мешаванд. Чип и Дейл ду хирс аз Украина ба сафари навбатӣ омодагӣ мегиранд.

Ремигиуш Козински, масъули Раёсати таълим ва таблиғи боғи ҷонварони Познан : “Мо онҳоро ба сафари навбатӣ тайёр мекунем. Ба Брашови Руминия. Умедворам ин охирин сафар хоҳад буд. Мо Чип ва Дейлро инҷо монда наметавонем, зеро ин ҷо, ҷой барои хирсҳо пур аст. Мо худамон 5 хирс дорем.”

Се паланге, ки ба ин ҷо хурдсол оварда шудаанд, ҳанӯз интизори паноҳгоҳи доимиянд. Гурги нобиноро ба Юнон мефиристанд. Шер Ася ва бачаҳояш низ аллакай ҷойи худро пайдо карданд.

Ева Зграбчинска, раҳбари боғи ҷнварони Познан: “Мо барои онҳо ҷойи хуб пайдо кардем. Ин Йонркшир, боғи ҷонварони ваҳшӣ дар Британия аст. Онҳо оилавӣ ба ин макони зебо мераванд.”

Интиқол ва нигаҳдории ҷонварон дар боғ харҷи зиёд дорад. Ба Наталя Попова ва Боғи ҷонварони Познан, Бунёди байналмилалии ҳифзи ҳайвонот ва сармоягузорони дигар кӯмак мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG