Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина. Генерали рус пас аз интиқод аз фармондеҳони артиш барканор шуд


Як генерали рус мегӯяд, пас аз он, ки вазъияти душвори ҷабҳаи Украинаро барои раҳбарони артиши Русия бозгӯ кард, ӯро аз мақоми фармондеҳӣ барканор карданд.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар рӯзи панҷшанбеи 13-уми июл, Иван Попов, фармондеҳи сипоҳи 58, ҷузъе аз артиши Русия мегӯяд, ки пас аз шикоят аз Валерий Герасимов, фармондеҳи Ситоди кулли артиш дар мавриди вазъияти бади сарбозони рус дар Украина, "билофосила" аз кор барканор шудааст. Ин воҳиди низомӣ, ки Иван Попов фармондеҳии онро ба ӯҳда доштааст, дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Запорожеи Украина меҷангад.

Ба гуфтаи Иван Попов дар як паёми савтӣ, ки аз сӯи як намояндаи саршиноси порлумони Русия нашр шуд, вай ҳақиқатҳои ҷабҳаро, ки боиси маргумири дастаҷамъии сарбозони рус дар майдони ҷанг мешавад, баён карда ва ин боис шудааст, ки Сергей Шойгу, вазири дифоъ ӯро "давоми як рӯз" аз кор берун кунад. Маълум нест, ки ин навор кай ва дар куҷо сабт шудааст.

Попов дар ин паём мегӯяд, "дар пешгоҳи сарбозони кушташуда аз идомаи дуруғ гуфтан эҳсоси шарм карда ва ҳамаи мушкилотро бо фармондеҳи Ситоди кулли артиш матраҳ кардам". Ӯ афзуд, "артиши Украина натавонист сафҳои моро дар ҷабҳа бишканад, аммо фармондеҳи баландпоя моро аз пушти мо зарба зад ва артишро дар душвортарин лаҳза ба таври фоҷеабор сар буриданд".

Попов, ки фармондеҳии як воҳиди низомии Русияро дар ҷануби Украина ба ӯҳда дошт, ба таври ошкор талафоти зиёди сарбозони русро ба ҳамлаҳои ҷониби Украина рабт дод ва дар паёми худ гуфт, ки артиши Русия таҷҳизоти муносиби зидди ҳамла ва шиносоии онро надорад.

Як канали телеграмии вобаста ба ширкати муздурони "Вагнер" низ хабар додаааст, ки ниёз ба берун овардани нерӯҳои хаста аз хати аввали ҷангро бо фармондеҳи Ситоди кулли артиш дар миён гузоштааст.

Вазорати дифои Русия ҳанӯз дар бораи ин паёми генерал Попов ва барканории ӯ изҳори назар накардааст.

Ҳамзамон ду ҳафта пас аз бехабарӣ аз сарнавишти Сергей Суровикин, генерале, ки пеш аз ин фармондеҳии нерӯҳои Русия дар Украинаро ба ӯҳда дошт, яке аз мақомҳои баландпояи рус рӯзи панҷшанбе ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора посух дод. Ин мақоми рус гуфтааст, ки Суровикин "дар ҳоли истироҳат" аст.

Хабари "нопадид" шудани Сергей Суровикин пас аз он паҳн шуд, ки мақомҳои истихборотии Амрико ба маълумоте даст ёфтанд, ки нишон медод, ин генерали баландмақоми артиши Русия пеш аз ошӯби "Вагнер" аз барномаи ин гурӯҳ барои шӯриш хабар доштааст.

Ба навиштаи таҳлилгарон, Суровикин як раҳбари низомии мавриди эҳтиром аст, ки пас аз зидуҳамлаи Украина дар соли гузашта, ба тақвияти дифоъ дар саросари хати ҷанг кӯмак кард. Ӯ дар моҳи январи имсол ҷойи худро ба унвони фармондеҳи баландпоя ба генерали дигар дод, аммо нуфузи худро дар иҷрои амалиёти ҷанг ҳифз кард ва ҳамчунон дар миёни сарбозон аз маҳбубият бархӯрдор аст. Ӯ ҳамчунин ба бераҳмӣ дар ҷангҳои Сурия ва Украина шӯҳрат дорад.

Шоми 23 июн корвони нерӯҳои "Вагнер" ба сӯи Москва ҳаракат ва амалан Ростови лаби Дон ва зоҳиран Воронежро ҳам таҳти назорат дароварданд. Бо гузашти як рӯз Пригожин хабар дод, ки ҳаракатро қатъ мекунад, зеро бо миёнаравии роҳбари худкомаи Белорус созиш ҳосил шудааст. Ба зархаридони "Вагнер" пешниҳод карданд, ки ё бо вазорати мудофиа шартнома имзо кунанд, ё ба Белорус ва ё ба хонаҳояшон раванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG