Савринисо Сафароваи 23-соларо як моҳ пеш дафн карданд, аммо баҳсу ҷанҷоли чигуна ба марг расидани ӯ ҳанӯз идома дорад. Наздикони ин зан мегӯянд, духтари онҳо нафаҳмида зани дуввум шуд ва дар пайи фишори ҳамсари аввали шавҳар ва хонаводаи ӯ қасди ҷонаш кард. Додситонӣ шавҳари ин занро боздошт кардааст, вале наздиконаш қазияро шарҳ намедиҳанд.
Савринисо Сафарова, духтари Муҳаббат Холова, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми июни имсол дар деҳаи Пасариқи ноҳияи Дустӣ худро оташ зад. Ба нақли модар, Савринисо се сол пеш аз шавҳари аввалаш бо як фарзанд ҷудо шуда, як сол қабл бо Солеҳҷон Саидалиев, сокини ноҳияи Дустӣ оила барпо кардааст. Ба нақли ин зан духтараш дертар огоҳ шуд, ки ин мард ҳамсару ду фарзанд дорад.
Муҳаббат Холова рузи 10-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт духтараш барои кор ба Русия рафта буд ва бо ин мард онҷо шинос ва баъдан оиладор шуд. Баъд аз чанд моҳи зиндагӣ вақте ба Тоҷикистон баргашт, ҳарчанд дар хонаи модараш зиндагӣ мекард, вале хонаводаи Солеҳҷон Саидалиев аз ин издивоҷ бохабар ва моҷаро низ аз ҳаминҷо шуруъ шуд.
"Рӯзи 13-уми июн дар хонаи модарам дар Ҳисор будем ва маърака доштем. Савринисо барои харид ба бозор рафт. Дар онҷо оилаи шавҳараш вайро бо мошин гирд карда буданд, намедонам, чӣ коре карданд, ки шавҳараш бо хушдоманаш оварданд. Ӯ беҳуш буд. Ба хона даровардем, баъди 5 дақиқа ба ҳуш омада, гуфт, ки очаҷон ба Солеҳ бигӯед маро талоқ диҳад, вагарна занаш бо авлодош маро мекушанд. Модари Солеҳ ҳамон лаҳза ба ман бисёр норозигӣ карда гуфт ки писарам зан дорад. Аммо вақте духтари маро дар Маскав гирифта буд, ба мо гуфта буд, ки бо занам якуним соли пеш ҷудо шуда будам ва якҷо зиндагӣ намекунам"-нақл кард ин зан.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Модари Савринисо мегӯяд, Солеҳҷон Саидалиев бо духтари ӯ никоҳи мусалмонӣ дошт вале борҳо шоҳиди он шудааст, ки духтараш аз ҷониби домодаш озору азият мешуд. Ҳодисаи худсӯзии духтараш низ ба нақли модар, 15-уми июн баъди он рух додааст, ки Савринисо дар пайи хунравии зиёд тифли се моҳаи батнашро аз даст дод. Худи ҳамон руз ва баъди зангҳои батакрори Солеҳҷон Саидалиев ӯ ба назди шавҳараш ба ноҳияи Дустӣ рафтааст. Дар бораи худсузии духтараш мақомот шоми он рӯз хабар доданд. Холова гуфт вақте ба беморхонаи ноҳияи дустӣ рафт алакай духтараш фавтида буд. Дар хонаводаи Солеҳҷон Саидалиев шавҳари Савринисо ҳодисаро ба хабарнигори Радиои Озодӣ шарҳ надоданд. Танҳо гуфтанд, писарашон зан ва ду кудак дорад.
Додситонии ноҳияи Дустӣ Солеҳҷон Саидавлиеви 29-соларо баъд аз ин ҳодиса боздошт кардааст. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни тафтиши парванда огоҳ ҳаст, гуфт зидди Саидалиев бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ 109, қисми 2 (ба худкушӣ расонидан) ва 170 (дузанагӣ ё серзанагӣ) парванда боз кардаанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт ҳодисаи худсузии зан дар пайи рашк сурат гирифта ӯ худашро бо бензин дар назди манзили шавҳараш оташ задааст.
"Шоҳидон гуфтанд, ки ин бо як таксӣ меояд ва ба ронанда мегӯяд, ки ба ман бензин гирифта деҳ, ба мошини шавҳарам мебарам. Ронанда рад мекунад. Ин зан чанд шаб пайи ҳам инҷо омадааст". Ҷузъиёти дигари худсузии зан ба далели таҳқиқи парванда гуфта намешавад. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Дар Тоҷикистон дузанаҳо ва ҳамсарони дувум аксаран намехоҳанд, ки робитаҳояшон ошкор шавад, чун чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон ба истилоҳ “статъя” дорад. Моддаи 170-уми Кодекси ҷиноӣ барои мардоне, ки ду ё бештар зан доранд, ҷаримаи то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (муодили 136 ҳазор сомонӣ) ё аз 2 то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст.
Тибқи омори Вазорати адлия, аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон 222 нафарро барои издивоҷ бо ду зан ё ҳатто бештар аз он ҷазо додаанд. Ҳодисаи пурсарусадо, ки мавзӯи бисёрҳамсариро дар Тоҷикистон доғ кард, қазияи Парвиз (Лутфулло) Давлатов, мудири яке аз департаментҳои "Мегафон-Тоҷикистон" буд. Дар ин ҳодиса, ки ду сол пеш иттифоқ афтод, ба гуфтаи мақомот, ҳамсари аввали Парвиз Давлатов зани дуввуми шавҳарашро то мурдан шиканҷа кард.
Гуфтугӯ