Рӯзи 6-уми июл қурби рубли русӣ дар муқоиса ба доллар ба ҳадде поин омад, ки дар 15 моҳи гузашта дида нашудааст. Дар ин рӯз 1 доллари амрикоӣ ба 93 рубли русӣ баробар шуд, ҳарчанд дар давоми рӯз арзиши рубл андаке боло рафт.
Ошӯби нофарҷоми Евгений Пригожин бо гуруҳаш "Вагнер" ва талаботи зиёд ба арзи хориҷӣ дар Русия сабаби поин рафтани қурби рубли русӣ шудааст. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки ингуна поинравӣ дар гузашта ҳам мушоҳида шудааст ва арзиши рубл бо гузаштани андаке вақт ҷояшро гирифтааст.
Поину боло рафтани қимати рубл яке аз мавзуҳои муҳим барои садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ки дар Русия кор мекунанд. Чун муҳоҷирон маблағҳои худро бо рубл мефиристанд ва дар сурати паст шудани қурби асъори русӣ маблағи онҳо бо сомонӣ кам мешавад. Ҳафтаи ахир қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ паст шуд. Ҳоло ҳазор рубл ба 118 сомонӣ баробар аст.