Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмсал Коч дар Тоҷикистон нопадид ва дар Туркия пайдо шуд


Эмсал Коҷ 29 соли ахир дар Тоҷикистон мезист
Эмсал Коҷ 29 соли ахир дар Тоҷикистон мезист

Эмсал Коч, собиқ роҳбари маркази "Диалог" дар Душанбе, ки аз тарафдорони Фатҳулло Гюлен ном бурда мешуд, аз Тоҷикистон ба Туркия бурда шудааст. Маркази озодии Стокҳолм бо такя ба сомонаи хабарии Bold Medya гуфтааст, ин шаҳрванди Туркияро ғайриқонунӣ ба Туркия бурда, бо далели робитааш бо ҷунбиши Гюлен боздошт карданд. Баъзе расонаҳои Туркия навиштаанд, "ӯ дар натиҷаи амалиёти вижа" аз Тоҷикистон бароварда шуд.

Фирӯза Худойдодова, ҳамсари Эмсал Коч ба сомонаи Bold гуфтааст, рӯзи 2 июн се нафар шахсони ношинос шавҳарашро аз анборе, ки кор мекард ба мошини сиёҳ савор карда бурданд. Ба гуфтаи Худойдодова, худи ҳамон рӯз Кочро бо ҳамроҳии пулиси тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе низ диданд.

Ҳамсари Эмсал Коч гуфтааст, наворҳои видеоӣ ва дигар далелҳои содир кардани ин амали ғайриқонуниро ба мақомоти маҳаллӣ ва намояндагии Созмони Миллал дар Тоҷикистон пешкаш хоҳад кард. Худойдодова дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, "шавҳарамро ғайриқонунӣ ба Туркия бурданд ва талаб мекунам, ки ӯро фавран озод кунанд.

Ба навиштаи Маркази озодии Стокҳолм, баъди нопадид шудан дар Душанбе, Эмсал Коч дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Эрзуруми Туркия пайдо шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин хабар ҳанӯз вокуниш накардаанд, ҳарчанд баъзе расонаҳои туркзабон "аз амалиёти вижа" барои истирдоди Эмсал Коч ба Туркия хабар навиштаанд.

Сомонаи Bold навиштааст, Эмсал Қоч аз соли 1994 дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва то соли 2017 дар як мактаби вобаста ба ҷунбиши Гюлен кор мекард. Манзур литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ аст, ки бо сармояи тарафдорони Фатҳулло Гюлен, руҳонии турки муқими Амрико кор мекард.

Номи Эмсал Коч барои доираҳои фарҳангии Тоҷикистон бегона нест. Ӯ солҳо роҳбари “Диалог” буд, ки ба ташкили вохӯрии зиёиён асосан машғул буд. Фаъолияти ин марказ соли 2016 қатъ шуда буд.

Баъди табадуллоти нофарҷоми соли 2016 дар Туркия, ҳукумати ин кишвар тарафдорони Фатҳулло Гюленро ҳадаф қарор дод. Дар муддати ҳафт соли ахир, садҳо нафар дар Туркия бо ҷурми пайравӣ аз Гюлен боздошт шуданд. Хадамоти истихборотии Туркия дар гузориши ахираш гуфтааст, барои маҷбуран баргардондани 100 нафар аз тарафдорони Фатҳулло Гюлен амалиёт анҷом додааст. Аз ҷумла Орхан Инандӣ, роҳбари муассисаи байналхалқии таълимии "Сапат" дар Қирғизистон шаби 1 июни соли 2021 нопадид шуд. 5 июл президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, Инандӣ ба Туркия оварда шудааст. Инандӣ шаҳрвандӣ Қирғизистон буд. Дертар Додситони Туркия барои Орҳан Инандӣ 22,5 соли зиндон талаб кард. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гуфт, дар рабуда шудани Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия, Бишкек низ айбдор аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG