Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду сокини Шаҳринав барои фиреб додани зоирон


Зоирон дар Мино. Мавсими ҳаҷҷи соли 2023
Зоирон дар Мино. Мавсими ҳаҷҷи соли 2023

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ду нафарро барои фиреб додани даҳҳо эътиқодманде, ки нияти Ҳаҷро доштанд дастгир кардааст.

Вазорат рӯзи 5 уми июл хабар дод, ки ду сокини ноҳияи Шаҳринав 60 нафарро бо ваъдаи фиристодан ба Маккаву Мадина фиреб дода, аз ҳар кадоме панҷуним ҳазор долларӣ гирифтанд, вале ба ваъдаашон вафо накардаанд. Аз боздоштшудаҳо, Неъматулло Солиев ва Исломиддин Ализода ном бурда шуд. Нафари сеюм дар ҷустуҷӯ будааст.

Назари афроде, ки ба гумони қаллобӣ боздошт шудаан ба ин иттиҳом маълум нест. Вазорат дар барномаи телевизиониаш таъкид кардааст, ки раванди адои ҳаҷи фарзӣ дар Тоҷикистон танҳо аз сӯйи Кумитаи дин ва ҳукуматҳои маҳаллӣ танзим мешавад.

Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Маблағи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз гаронтаринҳост.

XS
SM
MD
LG