Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи гумонбари дигари эҳтимолӣ ба рабудани Исматуллоев маълум шуд. ВИДЕО


Дилшод Саидмуродов
Дилшод Саидмуродов

Радиои Озодӣ тавассути манобеаш номи як гумонбари дигари эҳтимолиро ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", дақиқ кард.

Ду манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл гуфтанд, ӯ шахсе ба номи Дилшод Саидмуродов, машҳур ба лақаби "Дилшоди СБ" аст.

Як ҳамсуҳбати мо ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "ӯ гуруҳи рабояндагонро раҳбарӣ мекард", аммо мақомот хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.

Ба иттилои дарёфтии мо, "Дилшод Саидмуродов 24-уми июн, як рӯз баъд аз бедарак шудани муовини раиси "Ориёнбонк" тавассути фурудгоҳи Душанбе ба Русия гурехтааст".

Манбаъҳои мо дар идораҳои қудратии Тоҷикистон гуфтанд, Дилшод Саидмуродов дар гузашта дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, як муддат маъмури Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Додситонии кул будааст.

"Таҷрибаи корро дар Оҷонси мубориза бо коррупсия низ дорад, вале вақтҳои охир дар ҷое кор намекард," -- хабар доданд манобеъ.

Дилшод Саидмуродов шаҳрвандии Русияро низ доштааст ва ҳамон тавр ки ҳамсуҳбатони мо дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон гуфтанд, "пас аз ҳодиса ба Маскав рафт ва дар онҷо ҷустуҷӯ мешавад".

Ҳамзамон манбаъҳои мо гуфтанд, пас аз фирори Дилшод Саидмуродов тавассути Фурудгоҳи Душанбе чанд корманди фурудгоҳро, ки масъули қабулу гусели шаҳрвандон буданд, аз кор рондаанд.

Суҳбатро дар инҷо бинед:

Номи гумонбари дигари дар рабудани Исматуллоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Аз рабуда шудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президенти Тоҷикистон, тақрибан ду ҳафта гузашт. Дар ин муддат аз ӯ ҳеч нишоне наёфтанд ва сарнавишташ маълум нест. То ин дам мақомот танҳо номи як гумонбари эҳтимолиро гуфтанд. Он ҳам Рустам Ашӯров, ки танҳо пас аз тирандозӣ ва захмиву боздошт шуданаш дар Молдова эълон гардид. Радиои Озодӣ дар бораи боздошти чаҳор кас дар дохил иттилоъ ёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG