Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Касе ҷасади афсари тоҷикро дар Молдова суроғ накардааст


Рустам Ашӯров шаби 3 июл даргузашт
Рустам Ашӯров шаби 3 июл даргузашт

Мақомоти Молдова мегӯянд, касе аз наздикони Рустам Ашӯров, афсари cобиқи тоҷик барои гирифтани ҷасади ӯ муроҷиат накардааст. Ашӯров, баъд аз куштани ду нафар дар Фурудгоҳи Кишинёв дастгир шуд ва шаби сеюм ба чоруми июл дар яке аз беморхонаҳои ин шаҳр даргузашт.

Эмил Гайтур, сухангӯи Додситонии Молдова ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, дар сурати пайдо нашудани хешовандони шаҳрванди Тоҷикистон мумкин аст ӯро дар ҳамин кишвар дафн кунанд. Мақомоти Молдова гуфта буданд, шаҳрванди Тоҷикистон баъди куштани ду маъмури амниятии фурудгоҳ даҳ тир хӯрда, ба ҳуш наомада буд.

Ба гуфтаи мақомоти Молдова Ашӯров дар гузашта маъмури пулиси Тоҷикистон будааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ӯ яке аз аъзоёни гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк"даст дорад.

XS
SM
MD
LG