Ду устоди Донишгоҳи Хуҷанд аз хатари боздошт ва истирдод ба Тоҷикистон нигаронӣ доранд. Ҷамшед Қаноатов ва Бахтиёр Олимов, ки устодони бахши шарқшиносии ин донишгоҳ буданд, мегӯянд, мақомот онҳоро ба иттиҳоми пайравӣ аз "Ихвон-ул-муслимин", созмони мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон айбдор кардаанд. Дар Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ садҳо нафар бо чунин иттиҳом боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.
Таъқиб барои таҳсил дар хориҷ?
Ҷамшед Қаноатов ва Бахтиёр Олимов, ду устоди забонҳои Шарқ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, аз соли 2019 дар яке аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ мекунанд. Сабаби муҳоҷирати худ ба Аврупоро ин ду устоди пешини донишгоҳ таъқибу фишори мақомоти Тоҷикистон унвон мекунанд. Назари мақомот ба ин қазия маълум нест, аммо як намояндаи додситонии вилояти Суғд гуфт, "кирдори онҳо собит шудааст".
Ҷамшед Қаноатов, яке аз омӯзгорони фирорӣ мегӯяд, охири соли 2019 ба Русия сафар карда, онҷо огаҳӣ ёфт, ки сохторҳои қудратии Тоҷикистон ӯро ҷустуҷӯ мекунанд.
Қаноатов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъдтар аз овезаҳои назди шӯъбаи корҳои дохилӣ бохабар гаштам, ки маро бар асоси моддаҳои 187 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор додаанд. Ба ақидаи ман, маро дар узвият ба ҷамъияти “Ихвон-ул-муслимин” муттаҳам медонанд. Зеро, қазияи асосии соли 2020 ба ин ҷамъият вобаста буд".
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Ҷамшед Қаноатов аз соли 2007 то соли 2010 дар Донишкадаи байналмиллалии Хартум дар Судон дар бахши магистратура таҳсил кардааст. "Таърихи бистсолаи охир нишон дод, ки донишҷӯёни дар хориҷа хонда устухоне дар гулӯи мақомот буданд ва ҳастанд. Эҳтимол дорад, сабаби дигари дар ҷустуҷӯ қарор додани ман ҳамин бошад",-мегӯяд ӯ.
Бахтиёр Олимов, омӯзгори дигар аз соли 2004 дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дарс медод. Соли 2019 Тоҷикистонро тарк карда, ба гунаи Ҷамшед Қаноатов огаҳӣ ёфтааст, ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад. Парванда нисбаташ низ бар асоси моддаи 187, қисми ду бо айби узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" будааст.
Олимов ба Радиои Озодӣ гуфт, "моҳи ноябри соли 2020 Додситонии кулли Тоҷикистон расман маро дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Маълумоте, ки аз каналҳои ғайрирасмӣ ба ман расидааст, дар Русия низ ман дар ҷустуҷӯ қарор дорам. Барои ҳамин ба ман боздошт ва истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад".
Бахтиёр Олимов ҳам намедонад, ки бо чӣ далел додситонӣ ӯро ба узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" муттаҳам мекунад.
“Агар норозианд, муроҷиат кунанд”
Дар аксҳои паҳнкардаи сохторҳои қудратӣ дар бораи боздошти ин ду нафар дида мешавад, ки Ҷамшед Қаноатов ва Бахтиёр Олимов тибқи моддаҳои 187 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешаванд. Ин ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ширкат дар созмонҳои мамнуъро пешбинӣ мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар посух ба дархости Радиои Озодӣ дар робита ба шарҳи ин мавзӯъ номаи расмӣ талаб кард. Нома як ҳафта қабл фиристода шуд, аммо то лаҳзаи нашри матлаб посух дарёфт нашуд.
Як манбаъ дар Додситонии вилояти Суғд бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "кирдори ҷиноятии ин ду донишманд собит шуда, онҳо дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор доранд. Аммо, агар ин ду нафар хостанд, ки иттиҳомот нисбаташон бозбинӣ шавад, бояд расман ба додситонӣ ариза нависанд".
Аввали соли 2020 мақомот даҳҳо нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз созмони мамнуи "Ихвон-ул-муслимин" боздошт карданд. Баҳори он сол Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон эълон кард, ки шахсияти беш аз 300 пайрави ин созмон дар Тоҷикистон муайян шуда, тақрибан нисфи онҳоро боздошт кардаанд. Дар суханронии худ дар ҳузури вакилони порлумони Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор дошта буд, ки "дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо, тоҷирон, донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ мебошанд".
Созмони "Ихвон-ул-муслимин" аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. Ин созмон соли 1928 дар Миср аз тарафи Ҳасан Ал-Банно поягузорӣ шуда, аз роҳи тарғиби Ислом бар зидди тавсеаи нуфузи Ғарб мубориза бурдааст. Соли 2012 намояндаи ин ҳаракат Муҳаммад Мурсӣ дар интихоботи президентии Миср ғалаба кард, аммо як сол баъд аз сӯи артиш барканор шуд. Тарафдоронаш созмони "Ихвон-ул-муслимин"-ро муътадил мегӯянд, аммо чандин кишвар аз ҷумла, Тоҷикистон онро як созмони тундрав мегӯянд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими анъана соли 2020 ва дар авҷи боздошти сокинон бо ҷурми узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" гуфта буд, ин ҳаракат бештар сиёсӣ аст, на мазҳабӣ. Ба эътиқоди ҷаноби Давлатзода, пайравони ин ҳаракат дар миёни қишрҳои мухталиф кишвар ҳастанд. "Аз диди худи коршиносон ҳам пайравони он ягон аломати зоҳирӣ надоранд, ки дар кӯча онҳоро ягон касе шинохта тавонад".
Аммо, ба эътиқоди Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ, хатари "Ихвон-ул-муслимин" камтар аз "Давлати исломӣ" нест. Ба гуфтаи ин диншиноси тоҷик, дар гузашта қатли Анвар Содот, раиси ҷумҳури Миср аз сӯи пайравони "Ихвон-ул-муслимин” сурат гирифта буд: "Усули корашон паҳн кардани ислом ба тарзи худашон аст,"-мегӯяд Ҳодизода.
Дар Тоҷикистон 18 созмон террористиву ифротгаро ва мамнуъ эълон шудаанд.
Гуфтугӯ