Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори ноҳияи Қубодиён ба коми оташ рафт


Бозори марказии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон субҳи имрӯз оташ гирифтааст. Дар наворҳое, ки шоҳидон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки алангаи оташ баланд аст.

Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса соати 4-у 50-и субҳи 29-уми июн рух додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар масоҳати 655 метри мураббаъ сӯхтааст. Вазорат гуфтааст, пас аз се соат оташро пурра хомӯш кардаанд ва ҳоло сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Бархе тоҷирон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сӯхтор замоне сар задааст, ки касе аз тоҷирон дар ҷойи кораш набуд ва онҳо натавонистанд молу маҳсулоти худро аз сӯхтор наҷот диҳанд. Як тоҷир ба Радиои Озодӣ гуфт, наздики 20 ҳазор доллари амрикоӣ молу маҳсулоташ сӯхтааст. Нисф аз ин молу маҳсулот ба гуфтаи тоҷир аз пули қарзи бонк харида шуда будааст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон бозорҳо оташ мегиранд. Дар бештари ҳолат мақомот сабаби сӯхторро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор меноманд.

XS
SM
MD
LG